ХФА-и Русия барои пайдо кардани террористҳо $50 миллион медиҳад

Хадамоти федеролии амнияти Русия барои муайян кардани террористҳо ба ҷомеаи ин кишвару ҷаҳонӣ муроҷиат кардааст.

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Мақомоти амниятии Русия барои ироаи иттилоъ дар бораи дастандаркорони суқути "А321" 50 миллион доллари амрикоӣ мукофот эълон кардааст.

"Хадамоти федеролии амнияти Русия барои муайян кардани террористҳо ба ҷемеаи ин кишвару ҷаҳонӣ муроҷиат кардааст ва барои ироагарони иттилое, ки дар боздошти дастандаркорон кӯмак мекунад, 50 миллион доллар мукофот эълон кардааст", — хабар медиҳад дафтари матбуоти ХФАР.

Пайдо шудани ҷасадҳои нав дар маҳалли суқути "А321" дар Миср

Раҳбари ХФА-и Русия Александр Бортников мегӯяд, дар дохили ҳавопаймои суқуткардаи "А321" дар нимҷазираи Сино маводи таркандаи худсохт, ки вазни он наздик ба 1 кило буд, таркидааст.

Ташхиси ашёи шахсии мусофирон ва қисматҳои ҳавопаймо исбот намудааст, ки дар дохили ин ҳавопаймо бомби худсохт таркидааст ва ин бозгӯкунандаи он аст, ки ҳавопамои Русия дар натиҷаи амали террористӣ суқут кардааст.

Баъд аз расидани ин иттилоъ раисҷумҳури Русия ваъда дод, ки дастандаркорон ҳатман муҷозот хоҳанд шуд.

"Мо бояд ин корро бидуни таъхир анҷом бидиҳем, щар кадоме аз онҳо бояд шиносоӣ шаванд. Ҳар куҷое пинҳон нашаванд, ҷустуҷӯ мекунем ва дар ҳар гӯшаи сайёра ҳам, ки набошанд, ҳатман пайдо карда, муҷозот мекунем", — гуфтааст ҷаноби Путин.

31 октябри соли равон бар асари суқути ҳавопаймои Русия 217 сайёҳ ва 7 халабон дар Синойи Миср ба ҳалокат расиданд. Ҳавопаймо марбут ба ширкати русии "Когалимавиа" буд, ки аз Шарм-уш-Шайх ба Санкт-Петербург парвоз мекард.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала