Буҷа-2016 дар қиёс ба соли равон 3,3 миллиард сомонӣ бештар аст

© SputnikБинои парлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Бинои парлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бар асари буҳрони молиявӣ ҳукумати Тоҷикистон натавонист, ки тибқи ваъдаи президент дар моҳи сентябр маоши кормандони буҷавиро баланд бардорад.

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Вакилони парлумони Тоҷикистон қонуни буҷа барои соли 2016-ро қабул карданд, ки тибқи он ҳаҷми буҷаи давлатӣ барои соли оянда 18 миллиарду 306 миллион сомонӣ муқаррар шудааст, иброз дошт Муҳаммадато Султонов дар суҳбат бо Sputnik.

"Дар соли оянда ҳаҷми буҷаи давлатӣ 18 миллиарду 306 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки дар қиёс ба соли равон 3,3 миллиард сомонӣ,  ё ба андозаи 19,8 фоиз зиёд мебошад",- афзуд ӯ.

Ҳаҷми умумии буҷаи давлатӣ дар соли 2015 15 миллиарду 278 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда буд ва ин рақам дар нисбати соли 2014 як миллиарду 377 миллион сомонӣ, ё 10% зиёдтар буд.

Пешнависи буҷаи соли 2016 ба парлумон ироа мегардад

Вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён зимни муаррифии қонуни мазкур дар назди вакилон баён дошт, ки буҷаи кишвар дар соли 2016 ҳамоно хислати иҷтимоӣ дошта, барои таъмини соҳаҳои иҷтимоӣ зиёда аз 8 миллиард сомонӣ равона мегардад ва ин маблағ дар қиёс ба соли равон 581,5 миллион сомонӣ зиёд буда, қариб нисфи ҳаҷми умумии буҷетро ташкил медиҳад.

Дар пешнависи буҷаи соли оянда ба маблағгузории соҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ, аз ҷумла сохтмони иншооти энергетикӣ, нақлиёт ва коммуникатсия диққати махсус дода шуда, ба ин мақсад бо назардошти амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ 6,2 миллиард сомонӣ равона карда мешавад.

Дар соли оянда даромади буҷаи Тоҷикистон 10 % афзоиш меёбад

Айни замон иҷрои буҷаи Тоҷикистон бо душворӣ даст медиҳад. Тайи 9 моҳи соли равон ҳаҷми буҷети кишвар иҷро нашуда, дар ин муддат буҷа ба андозаи 96,5 фоиз таъмин шудааст,  ки ба он 10,8 миллиард сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 391 миллион сомонӣ кам мебошад.

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар як маҷлиси Ҳукумат дар сабаби иҷро нашудани буҷа гуфт, ки дар 9 моҳи соли равон  таҳти таъсири омилҳои беруна суръати рушди воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 0,5 банди фоиз, гардиши савдои хориҷӣ 17,9 фоиз, аз ҷумла воридоти мол 21,8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ 8,1 фоиз коҳиш ёфт ва қурби пули миллӣ ҳамоно таҳти фишор қарор дорад.

Бар асари буҳрони молиявӣ ҳукумати Тоҷикистон натавонист, ки тибқи ваъдаи президент дар моҳи сентябр маоши кормандони буҷавиро баланд бардорад.   

Лентаи хабарҳо
0