ВКД: шарики гумонбар дар қатли кормандони комиссариат боздошт шуд

Бо гузашти панҷ рӯз аз ин ҳодиса масъулини Вазорати корҳои дохилии кишвар аз боздошти Умедҷони Амрохони 22- сола хабар дода, гуфтанд, ӯ гумонбари аслӣ дар ин куштор ба шумор меравад.

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Гумонбари дуюм дар куштори кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино, ки рӯзи 7 ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе рух дод, аз сӯи кормандони пулис боздошт шудааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии кишвар.

Тибқи иттилои манбаъ, нафари боздоштшуда 20 сол дошта, зодаи шаҳри Кӯлоб мебошад, ки муваққатан дар пойтахт ба сар бурда, расман ҷое кор намекардааст.

"Рӯзи 17 ноябри соли равон шарики гумонбари аслӣ дар куштори кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино — Раҳматов Шариф Куканович аз тарафи кормандони Вазорати корҳои дохилии кишвар дастгир шуд", — афзудааст дафтари матбуоти ВКД.

Боздошт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВКД: боздошти гумонбар дар куштори кормандони комиссариати ҳарбӣ

Субҳи 7 ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахт мавриди ҳамла қарор гирифтанд, ки дар натиҷа майор Пӯлод Мирзоев ва прапоршик Ҳамза Насибов ба ҳалокат расида, лейтенанти калон Темурхон Эгамбердиев ва ронандаи комиссарияти мазкур Рустам Саъдуллоев бо бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шуданд.

Дар пайи ин ҳодиса он замон бо фармони вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои муайян ва дастгир кардани қотилон гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ таъсис ёфта, барои ироагарони иттилои дақиқ 10 ҳазор доллари амрикоӣ мукофот эълон гардид.

Бо гузашти панҷ рӯз аз ин ҳодиса масъулини Вазорати корҳои дохилии кишвар аз боздошти Умедҷони Амрохони 22- сола хабар дода, гуфтанд, ӯ гумонбари аслӣ дар ин куштор ба шумор меравад.

Тибқи иттилои манбаъ, Умедҷон Амрохон, ки зодаи шаҳри Кӯлоб мебошад, муваққата дар пойтахт ба сар бурда, ҷое расман кор намекардааст ва ҷинояти мазкурро дар якҷоягӣ бо Раҳматов Шариф содир намудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала