Сабқати дастаҳои “Равшан” ва “Регар-ТадАз” барои медалҳои биринҷӣ

© Sputnik / Табылды КадырбековБозии дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистону Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ
Бозии дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистону Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Тақдири медалҳои биринҷӣ дар бозӣ миёни тимҳои «Равшан» ва «Регар-ТадАЗ» ҳал хоҳад шуд, дар ин бози футболбозони шаҳри Турсунзодаро ҳисоби мусовӣ қаноатманд мекунад.

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Бозиҳои даври ҳабдаҳуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ шоми сешанбе ба анҷом расида, бозии марказии ин давр дар шаҳри Ваҳдат миёни дастаҳои «Хайр» ва «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт, иттилоъ доданд ба Sputnik аз ФФТ.

Гуфтанист, дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки пешакӣ ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфтааст, дар майдони худ «Барқи тоҷик»-ро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. Тими «Хуҷанд»-и Хуҷанд бар дастаи меҳмон —"Парвоз"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.

Футбол: тилло насиби “Истиқлол”-у нуқра аз “Хуҷанд”, биринҷӣ номаълум

Дар ин давр «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода дар майдони худ бар «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшан бо ҳисоби бузурги 6:0 пирӯз шуд, тими «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дастаи меҳмон — ССКА «Помир»-и Душанберо бо ҳисоби 4:2 мағлуб кард.

Ба иттилоъи Федератсияи футболи Тоҷикистон бозиҳои даври 18-ум (охирин)-и мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи якшанбеи22 ноябр баргузор мешаванд. Тақдири медалҳои биринҷӣ дар бозӣ миёни дастаҳои «Равшан» ва «Регар-ТадАЗ» ҳал хоҳад шуд.

Дар ин бозӣ футболбозони шаҳри Турсунзодаро ҳисоби мусовӣ қаноатманд мекунад, аммо дастаи футболи шаҳри Кӯлобро барои гирифтани ҷойи севвум танҳо ғалаба зарур аст.

Лентаи хабарҳо
0