Маскав нақша дорад, ба Теҳрон $5 миллиард қарз бидиҳад

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузаштан ба хазинаи аксНахустин агрегати нерӯгоҳи барқи атомии "Busher" дар Эрон. Акс аз бойгонӣ
Нахустин агрегати нерӯгоҳи барқи атомии Busher дар Эрон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Шувалов қайд кард, ки ин маблағ барои барқрасонӣ ба роҳи оҳан ва бунёди марказҳои барқу гармидиҳӣ равона хоҳад шуд.

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Масъалаи 5 миллиард долларе, ки Маскав бояд ба Теҳрон қарз бидиҳад, зимни сафари ахири раисҷумҳур Владимир Путин ба Эрон баррасӣ шуда, ҷонибҳо як қатор санадҳоро ҳам имзо кардаанд, мегӯяд муовини аввали сарвазири Русия Игор Шувалов рӯзи сешанбе.

Зарплата мигрантов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эрон ва Русия низоми интиқоли маболиғро содда карданд

"Ҳанӯз дар робита ба ин қарз санаде имзо нашудааст. Аммо лоиҳаро ба имзо расонидаанд", — илова кард ӯ.

Шувалов қайд кард, ки ин маблағ барои барқрасонӣ ба роҳи оҳан ва бунёди марказҳои барқу гармидиҳӣ равона хоҳад шуд.

Қаблан муовини аввали вазири саноат, маъдан ва савдои Эрон гуфта буд, ки Теҳрон барои гирифтани қарз дар ҳаҷми 7-8 миллиард доллар аз Маскав бо мақомоти рус тавофуқеро ҳосил намудааст.

Яке аз иштирокдорони музокироти комиссияи байниҳукуматии Русияву Эрон ҳам бо тасдиқи ин хабар гуфт, 5 миллиард доллари ин қарз аз буҷаи давлат ва 2 миллиарди дигар тавассути бонки иқтисодии хориҷӣ ҷудо хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала