Мӯзадӯзии хиёбонӣ дар Душанбе касби камёб мешавад

Обуна шудан
Музадӯзони кучагии пойтахт дигар ба симои шаҳр муносиб нестанду онҳо аз ин ба баъд бояд ё тарки пешаи худ кунанд ё коргоҳи хурди хешро таъсис бидиҳанд. Ба ҳар сурат, ҳанӯз ҳам бо намояндагони ин касби беҳамто метавон дар ҳудуди Душанбе рӯбарӯ шуд.

Ин бор қаҳрамони рубрикаи "Симои шаҳри мо" музадӯзи кучагии пойтахт Маҳмадулло ҳамроҳи ҳампешаи худ — Маҳмадзоир мебошанд, ки дуюмӣ тавонистааст, алакай коргоҳи музадӯзии хурди худро таъсис бидиҳад.

Дар шаҳрҳои бузурги ҷаҳон дигар кафшдӯзон ба чашм наменамоянду ба ҷои онҳо марказҳои таъмири пояфзол таъсис дода шудааст. Музадӯзони кучагии мо ҳам шояд баъд аз чанд сол танҳо дар хотираҳо боқӣ бимонанд. Дар ҳоле ки ҳузури онҳо зиндагии сокинонро роҳаттар мегардонад. Яъне, барои таъмири пояфзоли худ соатҳо вақтро сарф намекунию сари ҳар куча ё кунҷи бозору истгоҳе метавон ба роҳат онҳоро пайдо кард.

Чеҳраҳои шаҳри мо: касби беназир - мусофирҷамъкунӣ дар нақлиёт

Тавре аз қиссаҳои падарам(ки солҳои 80-уми асри гузашта муовини мудири фурӯшгоҳи ҷавоҳирот кор мекард) медонам, дар замони шӯравӣ музадӯзӣ дар Душанбе аслан кори яҳудиҳову озариҳо буд. Фаҳмида мешавад, ин касби назарногир даромади хубе доштааст. Дар ҳоле ки мардум музадӯзиро кори на онқадар хубу марбут ба афроди табақаи поин медонанд, дар гузашта шумори нафароне, ки аз даромади ин касб хонаҳои боҳашамат бунёд кардаанду тило харидаанд, кам нест.

Аммо дар мавриди ин ки музадӯзӣ ҳанӯз ҳам ба мисли пешин сердаромад ҳаст ё не, чизе гуфтан мушкил аст. Ақниқтараш не.

Маҳмадулло Хоркашев, яке аз музадӯзони кучагии пойтахт аст, ки таҷрибаи 30-солаи корӣ дар ин соҳаро дошта, ба номусоидии ҳавов, барфу борон ё гармии 40 дараҷаии тобистон нигоҳ накарда, бо таъмири пойафзол машғул аст. Коргоҳи ӯ ҳамеша ҳамроҳаш аст, ки иборат аз як аробаи чаҳорчарха буда, болои он тамоми асбобу лавозимоти зарурии музадӯзӣ гузошта шудааст. Маҳмадулло ҳар субҳ ин аробаро тела дода, ба макони доимии худ, назди Фурӯшгоҳи марказии пойтахт ё "Сум" меояд.

"Панҷ фарзанд дорам. Даромад ҳам бад нест, ба зиндагӣ мерасад. Аммо барои дигар чизҳо, яъне сохтани сех ё ба иҷора гирифтани маконе не, албатта. Ва инҷо ҳам салҳост мешинам", — мегӯяд Маҳмадулло.

Ҳамкасби ӯ Маҳмадзоир Муминов ҳам таҷрибаи 30-солаи корӣ дар ин соҳаро дорад. Аммо ӯ хушбахтар аз ҳамкасби худ ба назар мерасад, чун тавонистааст, коргоҳи хурди музадӯзии хешро таъсис диҳад. Устоди вай дар ин соҳа яҳудиёне озариҳо мебошанд. Ба онҳо нигоҳ карда, тасмим гирифтааст, ки музадӯз шавад.

"Барои омӯзиш ба яке аз сехҳои музадӯзӣ баъд аз хатми синфи 8-ум омадам. Баъд ба хидмати ҳарбӣ рафтам ва боз омада ин касби худро идома додам. Ҳоло сехи наонқадар бузурге дорам, ки пойафзол мебарорам ва тайи чанд соли ахир ба омода кардани пойафзол ба кормандони театри ба номи Маяковский машғулам", — мегӯяд ӯ.

Ин музадӯз аз зиндагии худ розӣ асту шароиташ ӯро қонеъ мекунад.

"Имрӯз дигар аз он пойафзолҳое, ки тули даҳсолаҳо хидмат кунанд нест. Баъзан барои таъмир ба ман пойафзоли навъи "Саламандра" ҳам меоранд, ки ҳанӯз 18-20 соли қабл баромаданду бо вуҷуд мегӯӣ наванд. Аммо ин гуна пойафзолҳо дигар дар мо несту нахоҳад шуд", — изҳор медорад Муҳаммадзоир.

Музадӯзони мо ба он нигоҳ накарда, ки канори роҳ ё дохили коргоҳе нишастаанд, пойафзоли Шуморо таъмир мекунанду то ҷило доданаш пок мекунанд ва бар ивази ин ҳадди ақа 5 доллари амрикоӣ мегиранд. Агар пояфзоли Шуморо Маҳмадзоир таъмир кунад, шонси Шумо омад хоҳад кард. Зеро ӯ ҳарчанд гап зада наметавонаду бо лабонаш меҳисобад, бо бо табассуму чеҳраи кушодааш талош мекунад, табъатонро болида гардонад.

Лентаи хабарҳо
0