Зарфияти тавлидотии КМТ то соли 2019 ба 400 ҳазор тонна мерасад

© Sputnik / Дмитрий АстаховҚоҳир Расулзода. Акс аз бойгонӣ
Қоҳир Расулзода. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҳоли ҳозир ҷиҳати умури бунёдкорӣ ва васлу насби таҷҳизот 113 нафар ба кор фаро гирифта шуда, аз ин шумора 100 нафарашон мутахассисони маҳаллӣ мебошанд.

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Нахуствазири кишвар Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар «Комбинати металлургии Тоҷикистон», воқеъ дар ноҳияи Ҳисор шинос шуд.

Ба иттилоъи расмӣ умури тарҳрезӣ ва бунёдӣ дар "КМТ" ҳанӯз чаҳор соли пеш, аввоили соли 2011 оғоз гардида, то имрӯз беш аз 95 дарсади корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизоти истеҳсолӣ анҷом дода шудаанд.

Зимни мулоқоти нахуствазир бо коргарони иншоот таъкид гардид, ки баробари  баҳрабардорӣ қарор додани ин корхонаи саноатӣ зарфияти тавлидотии он дар соли аввал 120 ҳазор тонна маҳсулотро ташкил дода, дар соли сеюми фаъолият иқтидори он то ба 400 ҳазор тонна метал расонида мешавад.

Қоҳир Расулзода. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Расулзода ба Рашт ба маҳалли офат рафт

Оқои Расулзода барои  анҷоми корҳои сохтмонӣ ва васлу насби дурусти таҷҳизоти истеҳсолӣ, беҳдошти шароити таъминоти  барқ, ба миқдори зарурӣ захира намудани ашёи хоми маҳалӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва тақвияти ҳамкорӣ бо дигар корхонаҳои металургии ватанӣ ва хориҷӣ роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор ва дигар масъулини соҳаро  вазифадор намуд.

Дар асоси лоиҳа ин комбинат аз коргоҳҳои коргоҳҳои алоҳидаи тайёрии истеҳсолӣ, ҳаллоҷӣ, металгудозӣ, оксигенӣ-азотӣ  ва озмоишгоҳ иборат буда, оғози фаъолияти истеҳсолии он дар  нимсолаи аввали соли 2016   пешбинӣ  шудааст.

Бино ба қавли сарчашмаи хабар, соли нахустини фаъолияти корхона дар он 500 нафар бо кор таъмин гардида, баробари тақвияти корҳои истеҳсолӣ дар соли сеюми фаъолият шумораи коргарон аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ ба 1000  нафар расонида мешавад.

Дар ҳоли ҳозир ҷиҳати умури бунёдкорӣ ва васлу насби таҷҳизот 113 нафар ба кор фаро гирифта шуда, аз ин шумора 100 нафарашон мутахассисони маҳаллӣ мебошанд.  

Лентаи хабарҳо
0