Ҷаримаи Фаридун, ҳамсари Фарзонаи Хуршед бо маблағи 4400 сомонӣ

© Sputnik / Саид ЦарнаевМаърака дар тарабхона. Акс аз бойгонӣ
Маърака дар тарабхона. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҳамсари Фарзона, Фаридуни Хуршед барои баргузории гаҳворабандони духтарашон 4400 сомонӣ пардохт мекунад.

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Фаридуни Хуршед, сарояндаи шинохтаи тоҷикро барои баргузории маросими гаҳворабандони духтараш Закия дар тарабхона 4 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима кард, гуфт сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Афшини Муқим дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik.

Ба иттилои манбаъ, дар додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба Фаридуни Хуршед баррасӣ гардид.

Сомонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Парвандаи Фарзонаи Хуршед ба додгоҳи Шоҳмансур ирсол шуд

"Бо қарори додгоҳ нисбат ба номбурда барои нақзи моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷарима дар ҳаҷми чор ҳазору чорсад сомонӣ муайян гардид", — афзуд Афшини Муқим.

Қаблан оқои Муқим иттилоъ дода буд, ки онҳо тамоми далелҳоро ҷамъ намуда, парвандаро барои баррасӣ ба додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ирсол намуда буданд.

Зимнан, Фарзонаи Хуршед дар суҳбат бо журналистон иброз дошта буд, ки онҳо қонуни танзимро вайрон накардаанд.
"Мо 3 нафарро хатнатӯй карда, дар қаторашон Закияро низ гаҳворабандон кардем. Он ҷо асосан хатнатӯй буд, на гаҳворабандон",-гуфта буд вай.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала