Ғолибони лигаи аввали Тоҷикистон маълум шуданд

Дастаи футболи “Эсхата”-и шаҳри Хуҷанд соҳиби медали нуқра гардида, медали биринҷиро футболбозони тими "Саройкамар"-и ноҳияи Панҷ ба гардан овехтаанд.

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Бозиҳои ниҳоии даври 26-уми лигаи аввали футболи Тоҷикистон ба анҷом расиданд, иттилоъ медиҳад ФФТ.

Лигаи аввали футболи ҶТ: тими “Ҳосилот” пешсаф аст

Медали тилои ин мусобиқот насиби футболбозони дастаи "Ҳосилот"-и Фархор шуд, ки ба бозигарони ин тим имкон медиҳад, соли оянда миёни лигаҳои олии кишвар бозӣ кунад.

Дастаи футболи "Эсхата"-и шаҳри Хуҷанд соҳиби медали нуқра гардида, медали биринҷиро футболбозони тими "Саройкамар"-и ноҳияи Панҷ ба гардан овехтаанд.

Ҳадафрасони беҳтарини ин мусобиқот ҳамлагари дастаи "Эсхата" Ҳусейн Ҷалолов дониста шуд, ки тавонистааст, 26 голро ба дарвозаи ҳарифон ворид кунад. Мақоми дуюмро ҳам футболбози ин даста Абдумалик Шодиев бо 20 гол соҳиб шудааст. Ҷойи сеюм наисби бозигари дастаи "Исфара" Фирдавс Мусоев (16 гол) гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала