ВКД: латту кӯби марди афғон ва ҳалокати духтарчаи 3 сола

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони авбошӣ ва ғоратгарӣ ду сокини шаҳри Ваҳдат боздошт шуданд.

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бо иттиҳоми авбошӣ ва ғоратгарӣ ду марди 21 ва 35-солаи сокинони шаҳри Ваҳдат боздошт шудаанд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар пайи шикояти як марди 45-солаи афғон, истиқоматкунандаи кӯчаи Рӯдакии шаҳри Ваҳдат ду нафар сокинони шаҳри мазкур бо иттиҳоми авбошӣ ва ғоратгарӣ дастгир шуданд.

Завлона - Sputnik Тоҷикистон
ВКД: боздошти табиби 54 сола ва дарёфти нашъа

"Рӯзи 19 ноябр тахминан соати 20:30 шахсони номаълум дар назди хонаи истиқоматиаш марди афғонро бе ягон асос латту кӯб намуда, бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ 3000 сомонӣ ва 2 телефони мобилиашро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд", — иттилоъ медиҳад манбаъ.

Ба иттилои ВКД-и Тоҷикистон рӯзи шанбеи гузашта марди 27-солаи ноҳияи Ёвон, ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс" аз уҳдаи идораи автомашина набаромада дар қаламрави деҳаи "Ҷавонӣ"-и ноҳияи мазкур духтарчаи 3- соларо пахш намудааст.

Дар натиҷа, пиёдагарди хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад.

Аз рӯи ин ду ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала