Таронаи Ҷонибек Муродов дар бораи Олон – тифли ҳалокшудаи сурӣ

© AP / DHAСотрудник полиции несет тело 3-летнего Айлана Курди
Сотрудник полиции несет тело 3-летнего Айлана Курди - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Овозхони маъруфи тоҷик дар сӯги Олон - паноҳҷӯи сесола аз Сурия, ки ҷасадашро дар аввали моҳи сентбяри соли равон дар соҳили баҳр дар Туркия пайдо карданд, тарона иҷро намудааст.

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Ҳунарманди маъруфи тоҷик Ҷонибек Муродов дар сӯги Олони Курдӣ, паноҳҷӯи сесолаи сурӣ, ки аснои убури баҳр ба Аврупо ғарқ шуда буд, тарона иҷро кардааст.

Матни таронаи "Айлон"-и Ҷонибеки Муродро шоири шинохта Озарахш навишта, оҳангашро Даврони Раҳматзод омода кардааст.

Навори ин тарона рӯзи 28 ноябр дар саҳифаи "Tamoshow" дар You Tube гузошта шуд ва то кунун ҳудуди чаҳор ҳазор нафар онро боздид карда, иддае низ назару андешаҳои худро дар пайи он навиштаанд.

Бархе аз корбарони шабакаи Интернет аз чунин таронаи Ҷонибек истиқбол карда, аммо хостаанд, дар сӯги Умаралӣ Назаров, тифли панҷмоҳаи тоҷик, ки баъд аз як рӯзи аз модараш ҷудо кардани маъмурини полис дар Санкт-Петербурги Русия фавтид, тарона иҷро намояд.

Ҷонибек Муродов 29 майи соли 1986 дар шаҳри Ленинобод (алъон Хуҷанд)-и вилояти Ленинободи ҶШС Тоҷикистон дар хонаводаи Ҳунарманди мардумии ИҶШС (СССР) Ҷӯрабек Муродов ба дунё омадааст. Солҳои 2006-2007 Ҷонибек дар гурӯҳи созию овозии "Вазир" ҳунарнамоӣ мекард. Аз соли 2007 дар саҳна ҷой ва мавқеъи хоссаи худро касб кардааст.

Лентаи хабарҳо
0