Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Даъвати нахуствазири Туркия барои азсаргирии ҳамкории низомӣ бо Русия

© Фотохост-агентство / Гузаштан ба хазинаи аксНахуствазири Туркия Аҳмад Довуд-оғлу
Нахуствазири Туркия Аҳмад Довуд-оғлу - Sputnik Тоҷикистон
Ҳафтаи гузашта баъди суқути ҳавопаймои низомии Русия дар Сурия Вазороти дифоъи Русия ва Неруҳои мусаллаҳи Туркия ҳамкории муштаракашонро тариқи “хатти доимоамалкунанда” қатъ карданд.

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Нахуствазири Туркия Аҳмад Довуд-оғлу даъват кардааст, ки иртиботу ҳамкории низомии Анқара ва Маскав барои ҷилавгирӣ аз ҳаводиси монанд ба ҷангандаи Су-24-и ФР аз сар гирифта шавад, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба Рейтер.

Президент Русия Владимир Путин дар ҳошияи нишасти сарони Гуруҳи 20 - Sputnik Тоҷикистон
Путин: Су-24 барои ҳимояти интиқоли нафт аз ДИ ба Туркия сарнагун шуд

Нирӯҳои ҳавоии Туркия ҳавопаймои Русияро рӯзи сешанбеи ҳафтаи гузашта дар ҳарими ҳавоии Сурия суқут доданд. Ду узви экипажи ҳавопаймои СУ-24 тавассути парашют худро аз ҳавопаймои суқуткарда берун андохтанд, вале ҳангоми фуромадан ба оташи чирикиҳои Сурия дучор шуданд.

Бар асари ин қумандони ҳавопаймо Олег Пешков кушта шуд, вале штурмани ҳавопайморо бо анҷоми як амалиёти нирӯҳои вижаи артиши Русия, ки дар ҷараёни он як сарбози қарордодии рус кушта шуд, берун оварданд.

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин қаблан суқути ҳавопайморо "ханҷар аз пушт" номид ва ахиран алайҳи Туркия як силсила таҳримоти иқтисодиву сиёсӣ ҷорӣ кард. Таҳримоти Русия алайҳи Туркия, аз ҷумла манъи воридоти маҳсулоти кишоварзии Туркия ба Русияро дар бар мегирад.

Кулли матолиби марбут ба суқути Су-24-и Русия ва танишҳо дар муносиботи Маскаву Анқараро аз ин ҷо дарёфт карда метавонед>>

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала