Қомат афрохтани муҷассамаи донишмандони форсу тоҷик дар Вена

© Амина ИсхакиАйвонча бо муҷассаи чаҳор донишманди форсу тоҷик дар қароргоҳи СММ дар Вена
Айвонча бо муҷассаи чаҳор донишманди форсу тоҷик дар қароргоҳи СММ дар Вена - Sputnik Тоҷикистон
Айвонча бо муҷассамаи донишмандони форсу тоҷик туҳфаи Эрон ба Созмони Милали Муттаҳид аст.

Sputnik

Омина Исҳоқӣ, ҳамватани мо, ки тӯли чандин солҳост, дар шаҳри Вена кору зиндагӣ менамояд, ахиран маҷмуаи ҷолиби меъмориеро дар қароргоҳи СММ дар пойтахти Утриш мушоҳида кардааст.

ЮНЕСКО - Sputnik Тоҷикистон
Бузургдошти “1150-солагии Закариёи Розӣ” бо ҳимояти ЮНЕСКО

Ин айвонча сохти шарқӣ буда, зери он чаҳор донишманди маъруфи форсу тоҷик Ибни Сино, Умар Хайём, Закариё Розӣ ва Абӯрайҳон Берунӣ нишастааст.

Омина барои Sputnik ҷузъиёти роҳ ёфтани ин маҷмуа ба маркази Аврупоро дастрас кард.

Моҳи июни соли 2009 ҳукумати Эрон ин маҷмуаро ҳамчун рамзи пешрафти илмии мусоламатомез ба қароргоҳи СММ дар шаҳри Вена туҳфа кардааст.

© Амина ИсхакиҲайкали Умари Хайём дар қароргоҳи СММ дар Вена
Омар Хайям - философ, математик, астроном, поэт. Статуя на территории штаб-квартиры ООН в Вене - Sputnik Тоҷикистон
Ҳайкали Умари Хайём дар қароргоҳи СММ дар Вена

Аз тарафи рости қароргоҳи СММ пиёдароҳае вуҷуд дорад, ки то назди ин айвончаи ёдгорӣ мебарад. Зери айвонча чаҳор донишманди форсу тоҷик нишаастанд, ки бо илму дониши худ дар олам машҳур гаштаанд.

Дар тӯли таърих донишмандони форсу тоҷик дар тавсеаи илм дар ҷаҳон нақши муҳиме доштанд ва ҳатто бархе аз онҳо инқилоби илмиеро анҷом доданд, ки боиси сабти номи онҳо барои ҳамешагӣ дар таърихи башарият гардид.

© Амина ИсхакиДафтари СММ дар Вена. Ҷойи нишаст ва мавзеъи ҷогиршавии муҷассамаҳои олимони тоҷик
Беседка  с таджикско-персидскими учеными находится на территории штаб-квартиры ООН в Вене - Sputnik Тоҷикистон
Дафтари СММ дар Вена. Ҷойи нишаст ва мавзеъи ҷогиршавии муҷассамаҳои олимони тоҷик

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала