Тақдими чаҳор воситаи нақлиёти роҳпаймоӣ ба ҶТ

© Официальный пресс-релиз посольства США в ДушанбеСафорати ИМА ба ҳукумати Тоҷикистон чор автомашинаи роҳпаймоӣ тақдим намуд
Сафорати ИМА ба ҳукумати Тоҷикистон чор автомашинаи роҳпаймоӣ тақдим намуд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сафорати Иёлоти муттаҳидаи Амрико ба ҳукумати Тоҷикистон 4 воситаи нақлиёт супоридааст.

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Сафорати ИМА дар Душанбе ба ҳукумати Тоҷикистон чор автомашинаи роҳпаймоиро тақдим намуд, дар ин бора ба Sputnik аз сафорати мазкур иттилоъ доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, мошинҳои мазкур барои вокуниш ба ҳодисаҳои қочоқи маводи ядроӣ истифода хоҳанд шуд.

Парчами ИМА. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Сафорати ИМА: Кормандони ВКД ва АНМН давраи омӯзиширо хатм карданд

"Ду автомашина ба Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ ва дутои дигараш ба Хадамоти гумрук супорида шуд. Ин техникаҳо имконияти вокуниши зудамалро дар ҳолати бонги хатари ядроӣ дар ҳар гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистон фароҳам меоварад",- афзуд манбаъ.

Тақдими автомашинаҳои мазкур яке яз лоиҳаҳои сершумори кӯмакрасон мебошанд. Аз соли 1993 инҷониб мардуми Амрико зиёда аз 1 миллиард долларро ба барномаҳои гуногуни кӯмакрасон барои дастгирии рушди иқтисод, ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва амнияти Тоҷикистон чудо намудааст.

Лентаи хабарҳо
0