Расонаҳо: тоҷикони Афғонистон алайҳи поксозии қавмӣ

© AP / Massoud HossainiТазоҳурот дар Кобул дар робита ба марги Фархунда. 24 марти соли 2015
Тазоҳурот дар Кобул дар робита ба марги Фархунда. 24 марти соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Дар пойтахти Афғонистон намоиши эътирозӣ дар робита ба хушунати қавмӣ (қавмгаройӣ) дар яке аз мавзеъоти марказии ин кишвар баргузор шуд. Ширкатдорон талабу дархости худро ба ҳукумат ба таври расмӣ ироа доштанд.

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Тоҷикони Афғонистон аснои як тазоҳуроти густурда дар пойтахти ин кишвар- шаҳри Кобул нигаронии хешро аз қавгаройӣ дар вулусволии Бомиён иброз доштанд, менависанд расонаҳои маҳаллӣ.

"Тоҷикони бумӣ- сокинони вулусволии Бомиён, ки асрҳои аср дар ин ҷо сукунат доштанд, мавриди тазйиқ ва фишор қарор гирифта, ба таври оммавӣ ин қаламравро тарк мекунанд",- омадааст дар баёния.

Ба иттилоъи ВАО, ширкатдорони раҳпаймоӣ аз мақомоти давлатӣ вокуниши сареъро талаб дошта, хостори қатъи ҳама гуна фишору таҳдидҳо дар қиболи тоҷикони минтақа мебошанд.

Гирдиҳамоӣ дар пойтахти Афғонистон - Sputnik Тоҷикистон
Гирдиҳамоии густурдаи афғонистониён дар Кобул

"Эътирозгарон изҳоротеро паҳн карданд, ки дар он сухан дар мавриди ширкати баробари аққалияти миллӣ дар ҳаёти сиёсии кишвар меравад",- меафзояд манбаъ.

Ҳамзамон, онҳо аз Кобули расмӣ талаби додани кафолати ҳуқуқиро барои ширкати аққалиятҳои миллӣ дар сохтори давлатӣ кардаанд.

Ба гуфти тазоҳуротгарон, ҳарчанд дар вулусволии Бомиён теъдоди тоҷикон 40% бошад ҳам, онҳо нақше дар ҳаёти сиёсии минтақа надоштаанд. Таври мисол аз 2 ҳазор мағоза, ки дар вулусволӣ вуҷуд дорад, ягонтои он ба тоҷикон таалуқ надорад.

Бомиён- мавзеъе дар маркази Афғонистон буда, дар ин ҷо ҳайкали буддо ва ёдгориҳои зиёди таърихӣ мавҷуд мебошанд. Чанд сол қабл "Толибон" дар минтақа ёдгории қадимӣ- ҳайкали калонтарини буддоро нобуд сохтанд. Водии Бомиён ба феҳрасти осори таърихӣ ва мероси ниёкон (ЮНЕСКО), ки хатари нобудӣ ба онҳо таҳдид дорад, шомил гардидааст.  

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала