ВАО: ҷанҷоли лафзии раҳбари Толибон бо куштор анҷомид

Операция по ликвидации боевиков движения Талибан. Архивное фото
раҳбари Толибонро барои дармон ба яке аз беморхонаҳои хусусӣ интиқол додаанд.

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Раҳбари тозаинтихоби ҷунбиши террористии "Толибон" Ахтар Муҳаммад Мансур дар натиҷаи як ҷанҷоли лафзӣ дар нишасти фармондеҳони ин гурӯҳ дар маркази Покистон, ки тирпаронӣ ҳам сурат гирифт, захми ҷиддӣ бардоштааст, иттилоъ медиҳанд расонаҳои Афғонистон.

"Мансур дар беморхона бистарӣ карда шуд, аммо маълум нест, ки ӯ зинда мондааст ё не", гуфтааст Султон Файзӣ, сухангӯи генерал Абдуррашид  Дустум.

Толибон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Мулло Умар, раҳбари Толибон ду соли пеш мурдааст

Ба гуфтаи  Файзӣ, раҳбари Толибон дар як вохурӣ дар шаҳраки Кветтаи Покистон иштирок кардааст, ки дар он раиси Шӯрои ин ҷунбиш ҳам ҳузур доштааст. Дар ин вохурӣ миёни раҳбари Толибон ва яке аз фармондеҳони гуруҳи Абдулло Сардорӣ муноқиша ба миён омадааст.

Тибқи гузориши хабаргузории Reuters, дар натиҷаи тирпаронӣ дар ин муноқиша 5 фармондеҳи калидӣ кушта шуда, 10 тани дигар захм бардоштаанд. Дар натиҷаи ин тирпаронӣ инчунин Мулло Ахтар Мансур ҳам мавриди ҳадаф қарор гирифта, чаҳор захми гулӯла бардоштааст. Манбаъ меафзояд, ки раҳбари Толибонро барои дармон ба яке аз беморхонаҳои хусусӣ интиқол додаанд.

Пулиси афғон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Озодӣ: раҳбари тоҷики “Толибон” дар Афғонистон захмӣ ё кушта шудааст

Ин дар ҳолест, ки намояндаи расмии ин ҷунбиш вуқуи ин гуна ҳодисаро комилан рад карда, мегӯяд, ин хабар ҷуз як шойиае беш несту он тавассути ниҳодҳои ҷосусӣӣ Афғонистон махсус паҳн карда шудааст.

"Ин суханҳо аслан асос надоранд", таъкид кардааст сухангӯи Толибон Забибуллоҳ Муҷоҳид ва илова кардааст, ки ҷаноби Мансур дар қаламрави Афғонистон ҳузур дошта, комилан сиҳат мебошад.

Мансур пас аз таъиди марги Мулло Умар ба симмати роҳбари навии ҷунбиши террористии "Толибон" дар охири моҳи июл таъин гардид.

То ин вақт Ахтар Муҳаммад Мансур ба ҳайси муовини ҳаракат ва то қабл аз он дар қаламрави таҳти тасарруфи толибон бахши ҳавонавардии созмонро сарварӣ мекард.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала