Коршиноси БҶ: кишварҳои ОМ бояд барои рушди худ манбаъи дохилӣ биҷӯянд

Зеро интиқоли маблағ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон барои пӯшиши касри тиҷорӣ нақши муҳим мебозад.

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Ҳукуматдорони кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд ҷустуҷӯи манбаъҳои дохилӣ барои рушди иқтисоди худро тақвият бидиҳанд. Зеро раванди интиқоли пули муҳоҷирон ба кишварҳо торафт кунд мешавад, гуфтааст як коршиноси Бонки ҷаҳонӣ Орелен Крузе.

"Пурзӯр кардани ҷустуҷӯи манбаъҳои дохилӣ барои рушди иқтисоди фақиртарин кишварҳои Осиёи Марказӣ ва бо ин роҳ ҳифз кардани аҳолии осебпазири онҳо дар ин вазъияти буҳронӣ масъулияти бузурге мебошад",- афзудааст ӯ.

Бонк. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Ба гуфтаи ӯ, баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳам аз нигоҳи интиқоли маблағу ҳам аз ниҳоди молӣ вобастаи Русияанд.

Зеро интиқоли маблағ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон барои пӯшиши касри тиҷорӣ нақши муҳим мебозад.

Тибқи иттилои Бонки марказии Русия, мизони интиқолоти пулӣ аз ин кишвар танҳо ба Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2015 дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2014 ба маблағи $282 миллион камтар шуда, $362 миллионро ташкил медиҳад.

Ба сурати мутавассит маблағи ҳар як интиқоли пулӣ дар семомаҳи аввал ҳудуди 190 доллар будааст. Аз Тоҷикистон ба Русия $66 миллион интиқол шуд, маблағи мутавассити ҳар як интиқоли пулӣ $884 будааст.

Бинои Бонки Марказии Русия дар кӯчаи Неглинний. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
БМ ФР: интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон 5 % коҳиш ёфт

Дар маҷмӯъ, ба кишварҳои ИДМ аз Русия маблағи $1 миллиарду 781 ҳазор мунтақил шудааст. Барои муқоиса: дар семоҳаи аввали соли 2014 ба кишварҳои узви иттиҳод аз Русия $1 миллиарду 781 ҳазор мунтақил шуда буд.

Дар соли 2014 аз Русия ба Тоҷикистон $1 миллиард 781 миллион мунтақил шуда буд, ки ҳудуди 50 дарсади тавлидоти нохолиси миллии кишвар мебошад.

Бонки ҷаҳонӣ ва СБП дар гузоришҳои худ дар бораи вазъи иқтисодии Тоҷикистон зикр кардаанд, ки ҷумҳурӣ ба феҳрасти кишварҳое шомил аст, ки иқтисодаш ба интиқолоти пулӣ бастагӣ дораду ва омилҳои хориҷӣ осебпазир мебошад. Бастагӣ ба маболиғи интиқолии муҳоҷирони корӣ дар зиндагии ҳамарӯза низ эҳсос мешавад. Якҷо бо коҳиши интиқолоти пулӣ мизони масраф дар кишвар коҳиш ёфта ҳамзамон воридот низ камтар шудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала