Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

ВАО: раҳбари Толибон дар натиҷаи тирпаронии Кветта ҷон додааст

© AP / Uncredited / Гузаштан ба хазинаи аксТолибони Афғонистон. Акс аз бойгонӣ
Толибони Афғонистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Мансур пас аз таъиди марги Мулло Умар ба симмати роҳбари навии ҷунбиши террористии "Толибон" дар охири моҳи июл таъин гардид.

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Раҳбари тозаинтихоби ҷунбиши террористии Толибон дар Афғонистон Мулло Ахтар Мансур дар натиҷаи як тирпаронӣ рӯзи чаҳоршанбе ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба ҳалокат расидааст, иттилоъ медиҳад РИА новости бо истинод ба хабаргузории "Синхуа".

"Мансур дар беморхона бистарӣ карда шуд, аммо маълум нест, ки ӯ зинда мондааст ё не", навиштааст хабаргузорӣ бо истинод ба мақомоти афғон.

Толибон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Мулло Умар, раҳбари Толибон ду соли пеш мурдааст

Қаблан ҳам намояндагони ин ҷунбиш дар суҳбат бо расонаҳо хабари захм бадоштани раҳбари худро тасдиқ карда буданд. Ба гуфтаи онҳо, раҳбари Толибон дар як вохурӣ дар шаҳраки Кветтаи Покистон иштирок кардааст, ки дар он раиси Шӯрои ин ҷунбиш ҳам ҳузур доштааст. Дар ин вохурӣ миёни раҳбари Толибон ва яке аз фармондеҳони гуруҳи Абдулло Сардорӣ муноқиша ба миён омадааст.

Тибқи гузориши хабаргузории Reuters, дар натиҷаи тирпаронӣ дар ин муноқиша 5 фармондеҳи калидӣ кушта шуда, 10 тани дигар захм бардоштаанд. Дар натиҷаи ин тирпаронӣ инчунин Мулло Ахтар Мансур ҳам мавриди ҳадаф қарор гирифта, чаҳор захми гулӯла бардоштааст. Манбаъ меафзояд, ки раҳбари Толибонро барои дармон ба яке аз беморхонаҳои хусусӣ интиқол додаанд.

Мансур пас аз таъиди марги Мулло Умар ба симмати роҳбари навии ҷунбиши террористии "Толибон" дар охири моҳи июл таъин гардид.

То ин вақт Ахтар Муҳаммад Мансур ба ҳайси муовини ҳаракат ва то қабл аз он дар қаламрави таҳти тасарруфи толибон бахши ҳавонавардии созмонро сарварӣ мекард.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала