Довуд-оғлу: Туркия низомиёнро ба Башики Ироқ намефиристад

© Фотохост-агентство / Гузаштан ба хазинаи аксНахуствазири Туркия Аҳмад Довуд-оғлу
Нахуствазири Туркия Аҳмад Довуд-оғлу - Sputnik Тоҷикистон
Нахуствазири Туркия изҳор ҳамчунин изҳор дошт, ки Туркия ба ҳеч ваҷҳ ба мустақилият ва ягонагии Ироқ таҳдид нахоҳад кард ва дар мавриди “тамринҳои низомиён” ба ҳамтои ироқиаш маълумот дод.

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Туркия ба шаҳри Башик (Bashiqa)-и вилояти Найнавои Ироқ  низомиёнро намефиристад, иброз дошт рӯзи якшанбе нахуствазири Туркия Аҳмад Довуд-оғлу.

Ба ғайр аз ин, тавре РИА Новости бо истинод ба оҷонсии Блумберг менависад, Довуд-оғлу гуфт, Туркия хостори тақвияти ҳамкориҳои низомӣ бо Ироқ дар ростои мубориза алайҳи гуруҳи террористии "ДИИШ" (Давлати исломии Ироқу Шом) буда, ба ҳеч ваҷҳ истиқлолу ягонагии Ироқро хатчадор нахоҳад кард.

ИМА иқрор кард, ки нафти ДИИШ аз марзи Туркия мегузарад

Гуфта мешавад, дар ин робита, нахуствазири Туркия ҳамтои ироқиаш Ҳайдар- ал Ободиро дар бораи "миссия тамринотӣ-низомӣ"-и ҳарбиёни Анқара огаҳ кард.

Тибқи иттилои мақомоти Ироқ рӯзи 4 декабр баталйони танкии туркӣ вориди қаламрави Ироқ дар минтақаи Найнаво шудааст.

Вазорати умури хориҷаи Ироқ аз Туркия талаб кардааст, ки ба сурати оҷил неруҳои низомиашро аз хоки ин кишвар берун кашад, зеро ҳузури эшон дар минтақа бозгӯи "амали душманона" арзёбӣ мегардад. Роҳбари Кумитаи мудофиа ва амнияти парлумони Ироқ Ҳаким аз-Замлӣ гуфт, агар неруҳои низомии аҷнабӣ бе ягон шарту шароит қаламрави кишварашро тарк накунанд,  мавриди ҳамла қарор хоҳанд гирифт.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала