Заминларза дар Тоҷикистон

Мақомоти Рӯшон: заминларза ба ноҳия 24 млн зарар расонд

© Sputnik Амир Исаевшаҳри Хоруғи ВМКБ. Акс аз бойгонӣ
шаҳри Хоруғи ВМКБ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи раиси ноҳияи Рушон, аз ҳама бештар дар натиҷаи ин заминларза водии Бартанг осеб дидааст.

Душанбе, 9 дек — Sputnik. Мақомоти ноҳияи Рушони вилояти Бадахшон хисороти заминларзаи 7 декабр дар ин минтақаи кишварро 24 миллион сомонӣ муайян кардаанд, дар ин бора раиси ин ноҳияи Худоёр Худоёров дар суҳбат бо Sputnik хабар дод.

Кӯҳҳои Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Чархболҳо ба маҳалли офат дар Бадахшон парвоз карда натавонистанд

Маркази заминларзаи рӯзи 7 декабр дар 357 км  ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе ва километри 22-юм аз кӯли Сарез  ҷойгир буда,  шиддати он дар марказ 7-8 бал, дар Сарез  5-6 ва дар шаҳри Душанбе 3-4 балро ташкил дод.

Ба гуфтаи раиси ноҳияи Рушон, аз ҳама бештар дар натиҷаи ин заминларза водии Бартанг осеб дидааст.

— Дар натиҷаи заминҷунбӣ дар ин минтақа, роҳҳои мошингард, хона ва мактабҳо хароб шудаанд.

"Барои сокиноне, ки хонаҳои худро аз даст додаанд, мо дар маркази ноҳияи Рушон иқоматгоҳҳо омода кардаем ва тасмим дорем, имрӯз кучонидани онҳо ба  онҷоро шуруъ кунем. Ҳоло кӯмаки башардӯстона ҳам за Душанбе ба Рушон расидааст, ки иборат аз маводи ғизоӣ, аз ҷумла орд ва шакар мебошад", илова кард Худоёров.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки вазъи боду ҳаво то ҳол намегузорад, чархболҳо ба водии Бартанг парвоз кунанд. Аммо ба қавли ӯ, давоми рӯз чархболҳо ҳатман кӯмакро ба зарардидагони Бартанг хоҳанд расонд. Агар вазъи ҳаво ба ин шакл идома ёбад, мошинҳо ба роҳ хоҳанд баромад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала