Чиниҳо бо москҳои муҳофизатӣ дар кучаву хиёбонҳои Пекин роҳ мераванд

Обуна шудан
Сокинони Пекин ба хотири ҳифозати худ аз дуди шадид дар кучаву хиёбонҳои пойтахт бо москҳои тиббӣ роҳ мераванд. Дар пойтахти Чин ба далели олудагии ҳаво рӯзи 6 декабр баландтарин сатҳи хатари экологӣ - “сурх” эълон карда шуд.

Дар пойтахти Чин ба далели олудагии шадиди ҳаво рӯзи 6 декабр баландтарин сатҳи хатари экологӣ — "хати сурх" эълон карда шудааст.

Мақомоти Пекин дастур додаанд, то дарсгузарӣ дар фазои боз дар макотибу боғчаҳои пойтахти Чин аз 7 то 9 декабри соли равон ба хотири дуди ғализ манъ карда шавад, навиштааст, хабаргузории Синхуа рӯзи якшанбе.

Ба баъзе аз корхонаҳо супориш шудааст, ё раванди корро коҳиш бидиҳанд ё қатъ кунанд. Инчунин, идомаи ҳамаи гуна корҳои сохтмонӣ ҳам манъ карда шудааст.

Идораи ҳолатҳои фавқулодаи пойтахти Чин низ истифодаи нақлиёти шахсиро муваққатан манъ кардааст.

Барои таъмини сокинон бо нақлиёти ҷамъиятӣ дар ин рӯзҳо мақомот беш аз 850 автобуси мусофирбари иловагиро ба кор баровардаанд.

Охирҳои моҳи ноябр мақомоти Пекин ба далелии олудагии ҳаво сатҳи хатари экологии "норинҷӣ"-ро эълон карда буданд. Он замон олудагии шадиди ҳаво дар даҳҳо шаҳри Чин ба қайд гирифта шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0