Омодагии Душанбею Теҳрон барои муборизаи муштарак бо терроризм

Душанбе, 9 дек — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов, ки дар доираи як сафари корӣ дар пойтахти покистон қарор дорад, бо ҳамтои эронии худ Муҳаммад Ҷавод Зариф мулоқот кардааст, хабар медиҳад Хадамоти матбуоти ВКХ-и кишвар.

Муҳаммад Ҷавод Зариф. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари ВКХ Эрон: ба ҳамсоягон дар муқобала бо терроризм кӯмак мекунем

Ба иттилои манбаъ, дар ин вохурӣ ҷонибҳо  дар ҳошияи масоили ҳамкорӣ дар риштаҳои гуногунро баррасӣ кардаанд. Инчунин раҳбарони вазоратхонаҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон аз омодагии кишварҳои худ барои муборизаи муштарак бо ифротгароию терроризм ва қчоқи маводи мухаддир хабар додаанд.

Конфронси панҷуми вазирони корҳои хориҷии "Қалби Осиё- Раванди Истанбул" дар шаҳри Исломобод — пойтахти Покистон идома дошта, дар натиҷаи он қарор аст, Эъломияи Исломобод зери унвони "Қалби Осиё-Раванди Истанбул: тавсеаи ҳамкорӣ барои мубориза бар зидди чолишҳои амниятӣ ва таҳкими ҳамбастагӣ дар минтақаи Қалби Осиё" қабул  карда шавад.

Дар кори ин ҳамоиш намояндагони 14 кишвар, 17 кишвар ҳомӣ ва 12 созмони минтақавӣ ва байналмилалӣ ширкат доранд. Раиси ҷумҳури Афғонистон Ашрафғанӣ Аҳмадзай низ дар ин конфронс ҳузур дорад.

Қаблан манбаъ дар шарҳи сафари Сироҷиддин Аслов ба Исломобод гуфта буд, ки интизор меравад, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҳошияи ин конфронс вохӯриҳои дуҷонибаи бо роҳбарони ҳайатҳои як силсила кишварҳои иштироккунандаи раванди мазкур анҷом диҳад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала