Задухурд дар фурудгоҳи Қандаҳор: миёни қурбониён кӯдакон низ ҳастанд

© AP / Massoud HossainiНеруҳои миллии Афғонистон. Акс аз бойгонӣ
Неруҳои миллии Афғонистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Фармондеҳи урдуи "205"-уми Афғонситон Довудшоҳ Вафодор гуфтааст, дар натиҷаи ин задухурд як сарбози артиши милии ин кишвар кушта шуда, се тани дигар захм бардоштаанд.

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Даргириҳо дар фурудгоҳи шаҳри Қандаҳори Афғонистон бо кушташудани 14 ҷангӣ поён ёфтааст, иттилоъ медиҳад телевизиони TOLONEWS.

ВАО: ҳалокати як фармондеҳу ду раҳбари калидии Толибон дар Афғонистон

Ба иттилои манбаъ, ин даргирӣ замоне сурат гирифтааст, ки 14 ҷангҷӯйи мусаллаҳ дар тан либоси низомии артиши миллии Афғонистон ба яке аз мактабҳои наздик ба фурудгоҳи Қандаҳор ворид шуда, ба неруҳои ҳукуматӣ ҳамла кардаанд.

Фармондеҳи урдуи "205"-уми Афғонситон Довудшоҳ Вафодор гуфтааст, дар натиҷаи ин задухурд як сарбози  артиши милии ин кишвар кушта шуда, се тани дигар захм бардоштаанд.

Манбаъ афзудааст, ки ин задухурди мусаллаҳона дар фурудгоҳи Қандаҳор 20 соат идома карда, далели ба дарозо кашидани он ҷилавгирӣ аз ҳалокати сокинони осоишта арзёбӣ мешавад.

Телевизиони TOLONEWS таъкид кардааст, ки миёни қурбониёни ҳодиса дар баробари низомиёну ҷангиён кӯдакон низ ҳастанд. Аммо дар бораи теъдоди онҳо чизе нагуфтааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала