ВАО: истеъфои раиси Кумитаи амнияти Афғонистон дар пайи интиқоди Ғанӣ

© wikimedia.orgКабул. Акс аз бойгонӣ
Кабул. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҳматуллоҳ Набил дирӯз дар саҳифаи Фейсбуки худ аз сафари раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмад ба Покистон шадидан интиқод карда буд.

Душанбе, 10 дек — Sputnik. Раиси Кумитаи амнияти миллии Афғонистон Раҳматуллоҳ Набил аз мақоми худ истеъфо додааст, иттилоъ медиҳад хабаргузории "Pajhwok Afghan News".

Хабари истеъфои ҷаноби Набил дар ҳолест, ки Хадамоти матбуотии ҳукумати Афғонистон чанд соати қабл эълон кард, ба таҳқиқи изҳороти ахири раиси ҳамакнун собиқи Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар дар бораи сафаи Ашраф Ғанӣ Аҳмад ба Покистон шуруъ кардааст.

Неруҳои миллии Афғонистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Задухурд дар фурудгоҳи Қандаҳор: миёни қурбониён кӯдакон низ ҳастанд

"Суханҳои ҷаноби Набил воқеан тааҷҷубовар мебошанд ва ҳеч кас ҳам тасаввур намекунад, ки ин суханҳо аз сӯи Набил гуфта шудаанд. Зеро ҳеч кадоме аз раҳбарони органҳои амниятӣ тавони гуфтани ин суханҳо ва интиқоди ҷасуронаи раисҷумҳури худро надоранд", — иқтибос овардааст хабаргузорӣ аз манбаи худ дар ҳукумати Афғонистон.

Раҳматуллоҳ Набил дирӯз дар саҳифаи Фейсбуки худ аз сафари раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмад ба Покистон шадидан интиқод карда буд.

"Ҳамон лаҳзае, ки Навоз Шариф дар конфронс бори дигар эълон кард, ки душмани Афғонистон душмани Покистон аст, ҳамон лаҳзае, ки 21 тӯпи Покистон ба зери қудуми раисҷумҳури мо оташ кушод. Ҳамон лаҳза ҳамватанони бегуноҳи мо аз тири ҷангиёни Толибон, ки пуштибонаш Покистон аст, дар фурудгоҳи Қандаҳору Ҳилманд, Тахор ва Бадахшон ҷон медоданду кушта мешуданд", — навиштааст Набил.

Ҷангиёни Толибон дар Афғонистон 7 сарбозу 12 сокини осоиштаро рабуданд

Ӯ инчунин аз неруҳои амнияти миллии Афғонистон ҳам ба шиддат интиқод кардааст, ки алайҳи Мулло Фазлуллоҳ, раҳбари Толибони Покистон барои хурсанд кардани мақомоти ин кишвар бо дархости Исломобод амалиётеро анҷом додааст.

"Чӣ шуд он таърихи 500 солаи мо, ки дар муоқбили таърихи 60-сола ба зону зад?", — илова кардааст ӯ.

Рӯзи 9 декабри соли равон дар фурудгоҳи Қандаҳори Афғонистон задухурди мусаллаҳона миёни ҷангиён ва неруҳои миллии ин кишвар ба миён омада буд.

Ба гузориши телевизиони TOLONEWS, ин даргирӣ замоне сурат гирифтааст, ки 14 ҷангҷӯйи мусаллаҳ дар тан либоси низомии артиши миллии Афғонистон ба яке аз мактабҳои наздик ба фурудгоҳи Қандаҳор ворид шуда, ба неруҳои ҳукуматӣ ҳамла кардаанд.

Фармондеҳи урдуи "205"-уми Афғонситон Довудшоҳ Вафодор гуфт, дар натиҷаи ин задухурд як сарбози  артиши милии ин кишвар кушта шуда, се тани дигар захм бардоштаанд.

Манбаъ афзуд, ки ин задухурди мусаллаҳона дар фурудгоҳи Қандаҳор 20 соат идома карда, далели ба дарозо кашидани он ҷилавгирӣ аз ҳалокати сокинони осоишта арзёбӣ мешавад.

Телевизиони TOLONEWS таъкид кард, ки миёни қурбониёни ҳодиса дар баробари низомиёну ҷангиён кӯдакон низ ҳастанд. Аммо дар бораи теъдоди онҳо чизе нагуфтааст.

Лентаи хабарҳо
0