Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

Сергей Лазарев эълом дошт, ки ба “Евровидение-2016” меравад

© Sputnik / Евгения Новоженина / Гузариш ба медиабонкОвозхони рус Сергей Лазарев. Акс аз бойгонӣ.
Овозхони рус Сергей Лазарев. Акс аз бойгонӣ. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Овозхони рус Сергей Лазарев изҳор дошт, ки дар ҷашнвораи мусиқии "Евровидение-2016" Русияро намояндагӣ хоҳад кард.

"Шодам, ки ба шумо ин хабарро мерасонам. Ман дар ҷашнвораи "Евровидение-2016", ки қарор аст дар Шветсия баргузор шавад, Русияро муаррифӣ менамоям",- навиштааст вай дар саҳифаи шахсиаш дар Instagram.

Пост Сергея Лазарева в Инстаграмм.
Пост Сергея Лазарева в Инстаграмм. - Sputnik Тоҷикистон
Пост Сергея Лазарева в Инстаграмм.

Ба қавли ӯ, ин тасмим аз ҷониби шӯрои муҳаррирони ШДТРУ (ВГТРК) аз сар гирифта шудааст.

Дар маросими "Мукофоти мусиқии миллии Русия", ки дар меҳмонхонаи мавсум ба Crocus City Hall-и шаҳри Маскав сурат пазируфт, Сергей Лазарев, овозхони 33-сола барандаи яке аз ҷоизаҳои асосӣ дар шоу-бизнеси Русия- "Овозхони сол" эълом гардид.

Озмун барои аввалин бор соли 1956 баргузор шуда, Русия аз соли 1994 дар он иштирок мекунад. Тайи ин қадар сол, Русия фақат як маротиба барандаи озмун гардидааст. Дар ҷашнвораи "Евровидение-2008" сарояндаи рус Дима Билан тавонист шоҳҷоизаи ин озмуни аврупоиро ба даст биёрад.

Шабакаи телевизионии "Русия", ки омодакунандаи аслии номзад барои ширкат дар "Евровидение-2016" мебошад, аз шакли "интихоби мардумӣ"-и овозхон даст кашида, сарояндаро мустақилона муайян кардааст.

Ҷашнвораи мусиқии "Евровидение" дар моҳи майи соли оянда дар шаҳри Стокголм баргузор гардида, шумори иштирокчиёни он ба таври рекордӣ- 43 нафар дар имсол эълом шудааст.

 

Лентаи хабарҳо
0