БМТ: пулҳои худро танҳо дар "нуқтаҳои расмӣ" иваз кунед

© Flickr \ David GoehringДоллар
Доллар - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қурби расмии 1 доллари амрикоӣ дар сомонаи БМТ 6,81 сомонӣ нишон дода шудааст.

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. 124 ташкилоти қарзӣ, 432 бахш, беш аз 1 ҳазору 200 нуқтаи хидматрасонӣ ва беш аз 1 ҳазору 800 нуқтаи интиқоли маблағ ба муштариён хидмат хоҳанд расонд, омадааст дар иттилоияи БМТ.

Бинои Бонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
БМТ қурби долларро раҳо кард. Аз имрӯз

Аз аввали ҳафтари равон ба таври озод табдили асъори хориҷӣ дар саррофиҳои Душанбе номумкин гардид. Агар қаблан дар кунҷу канори роҳ саррофиеро пайдо мекардед, ҳоло барои дарёфти пули сомонӣ ё харидории доллар мебояд тамоми шаҳрро тай кунед.

Бар иловаи ин сокинони кишвар аз фаъолияти баъзе аз ташкилотҳои қарзӣ шикоят доранд. Ба иддаои онҳо, саррофиҳои ин марокиз асъори хориҷиро бо қурбе мефурӯхтаанд, ки аз арзиши харидории он аз осмон то замин фарқ мекунад. Ин мушкилу шикоятҳо замоне ба миён омаданд, ки ба дари тамоми саррофиҳо муҳр зада шуд.

Дар ҳолест ки масъулини Бонки миллии Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват доранд, барои хариду фурӯши асъор ба ташкилотҳои қарзию бахшҳои онҳо муроҷиат кунанд. Онҳо мегӯянд, дар сурати рӯбарӯ шудан бо мушкиле бо ин рақамҳои БМТ: 600-15-20, 600-31-90 и 620-05-39, 600-28-63 тамос гиред.

Бонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Баста шудани нуқтаҳои мубодилаи асъор ва даъвати БМТ аз аҳолии кишвар

Ба иттилои БМТ, феълан як доллари амрикоӣ дар саррофии бонкҳои кишвар 6,86 сомонӣ арзиш дорад. Аммо харидории он тақрибан номумкин аст.

Қурби расмии як доллари амрикоӣ дар сомонаи БМТ 6,81 сомонӣ нишон дода шудааст.

Дар буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2016 арзиши як доллар 6,96 сомонӣ ба назар гирифта шудааст.

Шуруъ аз 26 октябри соли равон БМТ сиёсати назорати қурби асъори хориҷии худро иваз кард. Масъулини ин бонк он замон гуфтанд, аз ин ба баъд ташкилотҳои қарзӣ худашон қурби хариду фурӯши доллари амрикоӣ дар бозорҳои кишварро муайян месозанд.

Ҳадаф аз ин тасмим он замон "бо назардошти ба эътидол омадани вазъи бозори хариду фурӯши доллари нақд ва бо мақсади ба низоми қурби ягонаи мубодилавӣ гузаштан" арзёбӣ гардид.

Дар баробари ин, Бонки миллии Тоҷикистон иброз менамояд, ки вазъи бозори нақдӣ ва фаъолияти муассисаҳои бонкиро, ки ба хариду фурӯши асъори хориҷии нақд машғуланд, ҳамарӯза назорат хоҳад кард: "Дар ҳолатҳои ҳаннотӣ ва аз ҷониби онҳо беасос баланд кардани қурб, алайҳашон дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чораҳои қатъии таъсиррасонӣ андешида хоҳанд шуд".

© SputnikПасандозро чӣ гуна нигоҳ бояд дошт? Инфографика (тасвирбаён)
Пасандозро чӣ гуна нигоҳ бояд дошт? Инфографика (тасвирбаён) - Sputnik Тоҷикистон
Пасандозро чӣ гуна нигоҳ бояд дошт? Инфографика (тасвирбаён)

 

 

Лентаи хабарҳо
0