Зиндонии 9 сокини вилояти Суғд ба иттиҳоми узвият дар "Ҳизб ут-таҳрир"

"Ҳизби таҳрир" аз ҷумлаи созмонҳоест, ки фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнуъ буда, ҳамчун созмони террористӣ эътироф шудааст.

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Хуҷанд 9 сокини вилояти Суғдро ба иттиҳоми узвият дар ҳаракати мамнуи "Ҳизб ат-таҳрир" барои аз 3,5 то 13 сол равонаи зиндон кардааст, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии ин додгоҳ.

Намози ҷамоат дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
Фақеҳи дин: Ҳизб ут-Таҳрир миёни тоҷикон шуҳрат надорад

Мурофиаҳои додгоҳии ин афрод пушти дарҳои баста дар боздоштгоҳи муваққати кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар Хуҷанд баргузор шудааст. Синни 9 нафари муттаҳам дар узвияти "Ҳизб ут-таҳрир" аз 30 то 50 солро ташкил медодааст.

Ҳамаи онҳо дар ҳамкори бо гуруҳи муташаккили ҷиноӣ, созмони мамнуи террористӣ ва экстремистӣ муттаҳам шудаанд.

Ин 9 сокини вилояти Суғд моҳи апрели соли равон аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Додситонии виялот боздошт гардидаанд.

"Ҳизби таҳрир" аз ҷумлаи созмонҳоест, ки фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнуъ буда, ҳамчун созмони террористӣ эътироф шудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала