Афғонистон: ташаннуҷи авзоъ дар Нангарҳор

© AP / Massoud HossainiНеруҳои амниятии Афғонистон
Неруҳои амниятии Афғонистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вилояти Нангарҳори Афғонистон вақтҳои охир "мизбон"-и теъдоди зиёди шаҳрванди хориҷӣ мебошад, ки аксари онҳо дар саффи ҷангиёни ДИИШ ва Толибон меҷанганд.

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Дар вилояти Нангарҳори Афғонистон 12 ӯзбаку тоҷик аз сӯи кормандони Вазорати дифоъи ин кишвар дастгир шудаанд, иттилоъ медиҳад Хома Пресс.

Ҷангиёни Толибон дар Афғонистон 7 сарбозу 12 сокини осоиштаро рабуданд

Тибқи иттилои манбаъ, миёни боздоштшудаҳо як зану ду кӯдак ҳам ҳаст. Мақомоти афғон мегӯяд, ин афродро барои он боздошт кардаанд, ки мавриди шубҳа қарор доштанд.

Аммо то ҳол ҳеч ниҳоди қудратии Афғонистон эълон накардааст, ки ин афроди "шубҳанок" шаҳрвандии кадом кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон ё Узбакистонро доранд.

Онҳо аз сӯи сарбозони Вазорати дифоъи Афғонистон дар роҳ ба сӯи вулусволии Рудоти Нангарҳор дастгир шудаанд. Боздоштшудаҳо савори мошине будаанд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти амниятии ин вилояти Афғонистон аз боздошти се шаҳрванди Покистон ҳам хабар додааст, ки дар фаъолияти онҳо шубҳа кардаанд.

Сухангӯи волии Нангарҳор Атоуллоҳ Хугиёнӣ гуфтааст, дар ҳоли ҳозир раванди шиносоии бештари дастгиршудаҳо идома дорад.

Вилояти Нангарҳори Афғонистон вақтҳои охир макони даргириҳои шадид гардида, миёни ҷангиён аъзо ва пайравони ДИИШ-у Толибон ҳастанд.

Лентаи хабарҳо
0