Парвозҳои Су-24 ва Су-25 хоки Сурия ба хотири ҳамла ба террористон

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Зарбазанҳои Су-24 ва Су-25-и нерӯи ҳавоии Русия ҳар рӯз барои мавриди ҳамла қарор додани мавқеъҳои ҷангиёни ду созмони фаъолияташон мамнуъ дар қаламрави ин кишвар - ДИИШ ва "Ҷабҳат ун-Нусра" ба осмон парвоз мекунанд.

Сар аз 30 сентябри соли равон нерӯи ҳавоии Русия бо дархости расмии раисҷумҳури Сурия Башшор Асад бомборон кардани мавзеъҳои таҳти тасарруфи террористонро оғоз кард.

Ҳамзамон дар хоки Сурия эътилофи зиддидиишӣ ба раҳбарии ИМА бидуни ҳамоҳангӣ бо Димишқи расмӣ алайҳи ҷангиёни ин созмон мубориза мебарад. Миёни Русия ва ин эътилоф дар мавриди парвози ҳавопаймоҳо табодули иттилоъ сурат мегирад, аммо ҳамоҳангии устувор то ҳанӯз вуҷуд надорад.

Бо ин ҳол, Ғарб Русияро дар он айбдор мекунад, ки гӯиё нерӯи низомии Маскав дар баробари бомборон кардани мавзеъҳои террористон мавзеъҳои мухолифини мусоламатомези ҳукумати Башшор Асадро мавриди ҳадаф қарор медиҳад.

Аммо масъулини Вазорати дифои Русия ин иддаоро беасос медонанд.

Лентаи хабарҳо
0