Аваков ба рӯи Саакашвилӣ қадаҳи обро ҳавола дод. Наворҳо аз рафти ҳодиса

Раисҷумҳури Украина Петр Порошенко ҳам ба муноқашаи лафзии Авакову Саакашвилӣ дахл карда, онро шармовар хондааст.

Вазири корҳои дохилии Украина Арсен Аваков дар саҳифаи Фейсбуки худ навори видеоиеро аз рафти ҷаласаи Шӯрои миллии ислоҳоти ин кишвар гузоштааст, ки дар он муноқишаи лафзии ӯ бо раиси вилояти Одесса Михаил Саакашвилӣ дида мешавад.

Ин ҳодиса 14 декабри соли равон рух додааст. Аваков мегӯяд, ба рӯи Саакашвилӣ ба хотири таҳқири ошкоро об пошидааст. Тибқи фарзияи гуфтаи ӯ, Саакашвилӣ дар посух ба суоли ин ки гӯиё чаро масъалаи хусусигардонии "Одесского припортового завода"-ро бо алигархи рус баррасӣ кардааст, гӯиё садо баланд карда, суханҳои таҳқиромез ҳам гуфтааст.

Раиси вилояти Одесса таъкид кардааст, ки ҳоло дар Украина маъракаи дӯздии амволи давлатӣ идома дорад ва Аваковро дар сармоягузории ғайриқонунии гуруҳҳои мусаллаҳ дар ин кишвар фасодкорӣ айбдор кардааст. Ба гуфтаи Саакашвилӣ, вазири корҳои дохилӣ ва сарвазири Украина Арсений Ятсенок аз ӯ хостаанд, ки ин кишварро тарк кунад.

Раисҷумҳури Украина Петр Порошенко ҳам ба муноқашаи лафзии Авакову Саакашвилӣ дахл карда, онро шармовар хондааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала