Ятимов: Назарзода ва Кабирӣ бозичаи дасти абарқудратҳоянд

© Sputnik / Амир ИсаевСаймумин Ятимов. Акс аз бойгонӣ
Саймумин Ятимов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо ин ҳол, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз кадом абарқудрат ва бозингарон ба таври возеҳ ном нагирифтааст.

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik.  Ҳаводиси хунин ва мусаллаҳонаи моҳи сентябри соли равон дар Тоҷикистон бо иштироки муовини кушташудаи вазири дифоъ Абуҳалим Назарзода ва раиси Ҳизби мамнуи наҳзати исломии кишвар Муҳиддин Кабирӣ аз сӯи абарқудратҳо барои пиёда кардани манфитаҳои худ роҳандозӣ шуда буд, гуфтааст раиси Кумитаи давлатии амнияти милии ҷумҳури Сайидмумин ятимов.

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ин ҳарфҳоро дар як матлаби худ зери номи "Шуури ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ (Шуури муқаррарӣ)", ки нашрияи расмии ҳукумати кишвар — "Ҷумҳурият" нашр кард, навиштааст.

Муҳиддин Кабирӣ дар интихоботи парлумонии 1 марти соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
КДАМ: писари Кабирӣ ба “Ҳоҷӣ Ҳалим” $1.2 миллион додааст

Ҷаноби Ятимов таъкид кардааст, ки ҳодисаҳои моҳи сентябр дар Тоҷикистон "ғайричашмдошт набуд".

"Бозигарони геополитикӣ мушкилоти мансуб ба рафторҳои хиёнаткоронаи баъзе аз гурӯҳ ва афродро падидаи манфии зуҳуроти сирф миллӣ нишон доданӣ мешаванд", — навиштааст Ятимов.

Бо ин ҳол, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз кадом абарқудрат ва бозингарон ба таври возеҳ ном нагирифтааст.

"Сохтани "Давлати исломӣ", ҳодисаҳо дар атрофи Ироқ ва Сурия, ширкати ҷавонони тоҷик дар амалиёти террористӣ, пурра ба марзҳои Тоҷикистон наздик шудани толибон, ҳодисаҳои марбут ба дастаи террористии А. Назарзода ҳамчун раванд ғайричашмдошт нестанд", — афзудааст Ятимов.

ВКД ва КДАМ: амалиёти вижа алайҳи “генерали фирорӣ” анҷом ёфт

Субҳи 4 сентябри соли равон дар шаҳрҳои Ваҳдат ва Душанбе алайҳи кормандони пулис, аз ҷумла Дастаи таъйиноти махсуси Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳамла сурат гирифт, ки дар пайи он наздик ба 10 корманди мақомоти қудратии кишвар кушта шуданд.

Вазорати умури дохилии кишвар пас аз чанд соати ин ҳамалот бо нашри изҳороте ин ҳамаро кори дастаи террористие хонд, ки гӯиё аз сӯи Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон ташкил гардидааст. Масъулини ВКД дар изҳороти худ таъкид карданд, ки муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон узви ҲНИТ аст.

Дар пайи ин изҳорот амалиёти вижаи мақомоти қудратии Тоҷикистон барои нобуд сохтани дастаи генерал Назарзода дар дараи Ромит, ки ба иддаои мақомот муовини вазири дифои кишвар он замон ба онҷо паноҳ бурда буд оғоз шуд ва баъд аз эълони хатми амалиёти вижаи муштараки мақомоти қудратии Тоҷикистон барои нобуд кардани дастаи генерали кушташудаи Вазорати дифои Тоҷикистон 13 узви фаъоли ҲНИТ аз сӯи мақомот боздошт шуданд. Додситонии кулли Тоҷикистон танҳо як рӯзи баъд, 17 сентябр бо нашри як изҳорот боздошти 13 узви фаъоли ҲНИТ-ро тасдиқ карда, гуфт, онҳо ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо амалҳои генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини кушташудаи вазири дифои кишвар дастгир гардидаанд. Дар миёни онҳо — мувоини аввал ва муовинони раиси ҲНИТ — Сайидумар Ҳусайнӣ, Муҳаммадалии Ҳайит, Воҳидхон Қосиддинов, Ҳикматулло Сайфуллоҳзода ва як зан- ҳуқуқшинос Зарафо Раҳмонӣ мебошанд.

Дар натиҷаи Додситонии кул аз Додгоҳи олии кишвар хост, фаъолияти ҲНИТ-ро манъ намояд. Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳам бо баррасии ин дархости додситонӣ рӯзи 29-уми сентябр ҲНИТ — ягона ҳизби динӣ дар минтақаи Осиёи Миёнаро созмони террористӣ эълон намуд ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард. Вазорати корҳои дохилии кишвар ҳам баъд аз қабули ин қарор бо нашри як изҳорот гуфт, ҳар узви ҲНИТ бо хоҳиши худ саффи онро тарк кунад, аз ҷавобгарӣ озод хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0