Вуртсбах тоҷи "Зебосанами ҷаҳон - 2015"-ро ба сар ниҳод

© AP / John LocherНамояндаи Филиппин Пия Алонсо Вуртсбах (Pia Alonzo Wurtzbach) унвони "Зебосанами ҷаҳон — 2015"-ро соҳиб шуд
Намояндаи Филиппин Пия Алонсо Вуртсбах (Pia Alonzo Wurtzbach) унвони Зебосанами ҷаҳон — 2015-ро соҳиб шуд - Sputnik Тоҷикистон
Русияро дар ин озмун сокини 19-солаи Чити Владислава Евтушенко намояндагӣ мекард, ки ба феҳристи 15 нафари беҳтарин роҳ наёфт.

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Намояндаи Филиппин Пия Алонсо Вуртсбах (Pia Alonzo Wurtzbach) унвони "Зебосанами ҷаҳон — 2015"-ро соҳиб шуд, навиштааст РИА Новости бо истинод ба телевизиони Fox.

Ин озмун дар шаҳри Лас-Вегаси иёлати Наведа баргузор гардид.

Иштибоҳи барандаи чорабинӣ боис шуд, то тоҷро аввал барои чанд сония намояндаи Колумбия ба даст гирад. Аммо бо гузашти ҳамагӣ чанд дақиқа барандаи озмун дубора эълон шуда, соҳиби аслии тоҷи "Зебосанами ҷаҳон — 2015" намояндаи 26-солаи Филиппин Пия Алонсо Вуртсбах (Pia Alonzo Wurtzbach), ки дар Олмон ба дунё омадааст, эълон гардид.

Тибқи баъзе аз шойиаҳо ин зебосанами сол гӯиё бо раисҷумҳури Филиппин Бенигно Акино III муносибатҳои ошиқона доштааст.

Тоҷро ба Пия Алонсо Вуртсбах барандаи унвони "Зебосанами ҷаҳон — 2014" аз Колумбия тақдим кард.

Барои соҳиб шудан ба унвони "Зебосанами ҷаҳон — 2015" намояндагони 80 кишвари дунё рақобат карданд. Ҷойи дуюмро намояндаи Колумбия Ариадна Гутиерез (Ariadna Gutierrez) соҳиб шуда, мақоми сеюм насиби намояндаи 27-солаи ИМА Оливиа Ҷордан (Olivia Jordan) гаштааст.

Русияро дар ин озмун сокини 19-солаи Чити Владислава Евтушенко намояндагӣ мекард, ки ба феҳристи 15 нафари беҳтарин роҳ наёфт.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала