Вазорати маорифи ҶТ: оростани арча дар муассисаҳои таълимӣ манъ аст

© Sputnik Амир ИсаевБозичаҳои солинавии арчаи Душанбе
Бозичаҳои солинавии арчаи Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Бар асоси ин фармоиши вазири маориф ва илми Тоҷикистон, ҳангоми чорабиниҳои солинавӣ буридани арча, истифодаи ҳама гуна маводи пиротехникӣ низ манъ мебошад.

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон оростани арчаи соли навӣ дар муассисаҳои таълимии миёнаву олии кишварро манъ кардааст, дар ин бора дар фармоиши вазири маориф ва илм Нуриддин Саид омадааст.

"Дар арафаи таҷлил аз Соли нав зиёфатороиву туҳфаситонӣ, ҷамъоварии маблағ ва дар тарабхонаҳо ташкил намудани чорабиниҳои солинавӣ қатъин манъ аст", гуфтааст ҷаноби Саид.

Душанбе ба Соли нав омодагӣ мегирад

Тибқи фармоиши мазкур, дар муассисаҳои таълимии миёнаву олии Тоҷикистон бояд аз 25 декабри соли равон то якуми январи соли 2016 шахсони масъул навбатдорӣ ташкил кунанд

"Оид ба масъалаи амнияти шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятии зиддисӯхтор дар муассисаҳо чораҷӯӣ карда, дар хусусӣ таҷлили Соли нав аз ҷониби хонандагону омӯзгорон тадбирҳои таъхирнопазир андешида шаванд", — таъкид кардааст вазири маориф ва илми кишвар.

Раҳбарияти Вазорати маориф ва илм ба масъулини муассисаҳои таълимӣ тавсия додааст, зимни баргузории чорабинии солинавӣ баргузории маҳфилҳои адабию фарҳангӣ, таҳияи рӯзномаи деворӣ ва бозиҳои варзишӣ ба роҳ монда шавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала