Раҳмон: алайҳи терроризм бояд дастаҷамъона чора андешид

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки Тоҷикистон бо дарназардошти мавқеи худ, ки дар сафи пеши муқовимат қарор дорад, барои мубориза бо ин таҳдиду хатарҳо тамоми тадбирҳоро амалӣ менамояд.

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои хоссу васеи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар шаҳри Маскав иштирок ва суханронӣ кард, хабар додааст сомонаи президент.

Тибқи навиштаи манбаъ, мавзуъҳои баррасишавандаи ҷаласаҳо вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва таҳкими амният ва суботи минтақавӣ, муборизаи дастаҷамъона бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ба шумор мерафтанд.

Омӯзиши якҷояи Неруҳои вокуниши сареи СПАД - Sputnik Тоҷикистон
СПАД дар сурати шиддат ёфтани вазъ дар Афғонистон чора хоҳад андешид

Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронии худ дар ин ҷаласаҳо гуфтааст, "вазъи имрӯзаи ҷаҳон аз мо тақозо мекунад, то барои муқовимат бо таҳдиду хатарҳои терроризму экстремизми байналхалқӣ тадбирҳои муассири дастаҷамъона андешем".

Манбаъ меафзояд, ки Эмомалӣ Раҳмон инчунин таъкид намудааст, ки вазъи зудтағйирёбанда дар минтақа бо ҷалби неруҳои нав ҳолати мураккаби пешгӯинашавандаро ба миён овардааст ва дар назди созмон вазифаҳои нави бетаъхир мегузорад.

"Барои давлатҳои аъзои СААД аз ҳама омили хатарнок он аст, ки дар муноқишаҳои низомии минтақа баъзе шаҳрвандони кишварҳои мо иштирок менамоянд"ва илова кард, ки "ҳамоиши имрӯза имкон медиҳад, ки мо сохторҳои марбутаи худро барои ҳамдастӣ ва табодули иттилоъ сафарбар намоем", — изҳор доштааст ҷаноби Раҳмон.

Инчунин раисҷумҳури Тоҷикистон дар суханронити худ дар бораи ифшои таблиғгарон, пешгирии ҷалби ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои тундрав, вазъи сарҳадҳои кишварҳои СААД, пурзур кардани неруҳои низомӣ барои мубориза бо хатарҳои нав андешаронӣ намуд.

Нерӯи амниятии Арабистони Саудӣ ҳангоми парад - Sputnik Тоҷикистон
Сафир: эҳтимол аст, Душанбе ба эътилофи Риёз бипаёвандад

Ба сатҳи баргузории машқҳои низомӣ дар қаламрави кишварҳои аъзо баҳои арзанда дода, таклиф ба миён гузошта шуд, ки минбаъд дар доираи созмон барои дар ҳолати омодабош нигоҳ доштани қувваҳои мусаллаҳ бояд чораандешӣ кард.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки Тоҷикистон бо дарназардошти мавқеи худ, ки дар сафи пеши муқовимат қарор дорад, барои мубориза бо ин таҳдиду хатарҳо тамоми тадбирҳоро амалӣ менамояд.

Дар охири ҷаласаи ҳайатҳои васеъ Изҳороти сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ доир ба муқовимати муштарак бар зидди терроризми байналмилалӣ ва як зумра санадҳои дигари муҳим ба имзо расид.

Дар ин ҳамоиш сарони давлатҳои аъзои СААД президенти Русия Владимир Путин, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, президенти Арманистон Серж Саргсян, президенти Белорус Александр Лукашенко, президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев иштирок карданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала