Санаи нави баргузории машварати сиёсии Тошканду Душанбе эълон шуд

© Sputnik Амир ИсаевМайдони "Дӯстӣ"-и Душанбе
Майдони Дӯстӣ-и Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Интизор меравад, дар ин машварати сиёсӣ тавсеаи равобити иқтисодию тиҷорӣ, нақлиёт баррасӣ шуда, инчунин дар мавриди масоили минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон табодули афкор сурат бигирад.

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Вазоратхонаҳои умури хориҷии Тоҷикистону Узбакистон рӯзҳои 24-25 декабри соли равон дар шаҳри Душанбе машварати сиёсии худро баргузор мекунанд, дар ин бора Хадамоти матбуотии ВКХ-и кишвари ҳамсоя иттилоъ додааст.

"Рӯзҳои 24-25 декабри соли 2015 дар шаҳри Душанбе машварати сиёсии намояндагони ВКХ-и Узбакистону Тоҷикистон барпо мешавад ва ҳайати Тошкандро дар ин машварат муовини вазири умури хориҷии кишвар раҳбарӣ мекунад", — афзудааст манбаъ.

Бинои ВКХ-и ҶТ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Душанбею Тошканд машваратҳои сиёсии худро ба таъхир андохтанд

Ин машварати сиёсии вазоратхонаҳои Узбакистону Тоҷикистон қарор буд, рӯзҳои 17-18 декабри соли равон баргузор шавад. Аммо дафтари матбуоти ВКХ-и кишвари ҳамсоя рӯзи 17 декабр хабар дод, ки ин машварати сиёсӣ бо мувофиқаи тарафайн ба таъхир гузошта шуд.

Интизор меравад, дар ин машварати сиёсӣ тавсеаи равобити иқтисодию тиҷорӣ, нақлиёт баррасӣ шуда, инчунин дар мавриди масоили минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон табодули афкор сурат бигирад.

Равобити ҳар ду кишвари ҳамсоя баъд аз пошхурии Иттиҳоди шӯравӣ чандон хуб ба назар наменамояд. Роҳи ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Узбакистон ҳам аз соли 1992, аз ҷумла ҷанги шаҳрвандии кишвар ба ин ҷониб маҳдуд аст.

Соли 2001 аввал мақомоти Узбакистон ва баъд Тоҷикистон низоми раводидро миёни ҳам ҷорӣ карданд.

Лентаи хабарҳо
0