https://sputnik-tj.com/20151224/1018060523.html
WSJ: ИМА дар Сурия табаддулоти низомӣ анҷом доданӣ буд
WSJ: ИМА дар Сурия табаддулоти низомӣ анҷом доданӣ буд
Дар Сурия аз моҳи марти соли 2011 то имрӯз муноқишаи низомӣ идома дошта, тибқи иттилоъи СММ дар пайи ин даргириҳо 220 ҳазор нафар ҳалок шудааст. 24.12.2015, Sputnik Тоҷикистон
2015-12-24T10:41+0500
2015-12-24T10:41+0500
2015-12-24T11:18+0500
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101805/83/1018058384_0:0:3075:2045_1920x0_80_0_0_f34dffa98f4e8a50d4159a39818475c9.jpg
сурия
има
вашингтон
димишқ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2015
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
андеша, дар ҷаҳон, иҷтимоъ, ҳамаи хабарҳо, амният ва мудофиа, сурия, има, вашингтон, димишқ, борак обама, башор асад, кохи сафед, ҳукумати има, ҷанг дар сурия, қатънома, табаддулот, кудатои низомӣ
WSJ: ИМА дар Сурия табаддулоти низомӣ анҷом доданӣ буд
10:41 24.12.2015 (Навсозишуда: 11:18 24.12.2015) Дар Сурия аз моҳи марти соли 2011 то имрӯз муноқишаи низомӣ идома дошта, тибқи иттилоъи СММ дар пайи ин даргириҳо 220 ҳазор нафар ҳалок шудааст.
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Маъмурияти президенти ИМА Борак Обама шурӯъ аз оғози низоъи Сурия кӯшиши сарнагун кардани Башор Асадро доштанд, аммо нақшаи Вашингтон барабас рафт, менависад рӯзномаи Wall Street Journal бо истинод ба мансабдорони собиқ ва феълии Амрико, иттилоъ медиҳад РИА Новости.
Аснои сар задани муноқиша дар Сурия, ИМА ба ҳар васила саъй мекард "халоъ дар низоми Димишқ"-ро пайдо кунад ва бо ин роҳ кудатои низомиро анҷом бидиҳад, менависад нашрияи мазкур.
"Аммо як чунин камбудиҳо кам ва хеле кам пайдо шуданд. Зимнан, дар соли 2011 хадамоти ҷосусии Амрико афсарони алавиеро ҷустуҷӯ карда ёфтанд, ки дар ҳолати зарурӣ ба сари қудрат биёянд",- иттилоъ медиҳад рӯзнома бо такя ба масъулини собиқ ва феълии маъмурияти Кохи Сафед.
Дар ҳоли ҳозир, понздаҳ кишвари узви Шӯрои амнияти СММ бо иттифоқи оро қатъномаи фароянди сулҳ дар Сурияро тасвиб карданд. Тасвиби ин қатънома нишонаи камсобиқа аз тавофуқи қудратҳои ҷаҳонӣ дар масъалаи ҷанг дар Сурия аст. Ин қатънома хостори ташкили "давлати қонунӣ, фарогир ва ғайрифирқаӣ" дар шаш моҳи оянда шуда ва мегӯяд, дар "18 моҳи оянда интихоботи озод ва одилона бар асоси Қонуни асоси нав баргузор хоҳад шуд."