Нахуствазир: фасод ва мубориза бо он мушкилтарин масъалаи дунёст

© Sputnik / Сергей СубботинҚоҳир Расулзода. Акс аз бойгонӣ
Қоҳир Расулзода. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар Душанбе таҳти раёсати сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Рафти иҷрои нақшаи кории Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи кишвар ва татбиқи Стратегия дар вазорату идораҳои давлатӣ дар аксар маврид ба талабот ҷавобгу нест, иброз дошт раҳбари Агентии давлатии мубориза бо фасоди ҶТ Рустами Эмомалӣ.

Номбурда инчунин дар ҷаласа бо такя ба натиҷаҳои мониторинги иҷрои Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013-2020 таъкид намудааст, ки "Натиҷаҳои мониторинг муайян кард, ки дар баъзе сохторҳо то ҳол нақшаи корӣ барои татбиқи стратегия тартиб дода нашудааст ва дар баъзе ҳолатҳо бандҳои алоҳидаи Стратегияи муқовимат бо коррупсия сарфи назар карда шудааст".

Рустами Эмомалӣ - Sputnik Тоҷикистон
Барканории 3 масъул дар ниҳоди тобеъи Рустами Эмомалӣ

Тибқи иттилои раиси Оҷонсии зидди фасод Рустами Эмомалӣ, Агентӣ барои аз байн бурдани коррупсия, фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

"Агентӣ барои аз байн бурдани коррупсия, ки аз самтҳои асосии стратегияи Ҳукумати мамлакат дар роҳи рушди иқтисодиёт ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум мебошад, фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Барои ҳамкории зич бо аҳолӣ аз ҷониби Агентӣ телефони боварӣ фаъолият дошта, кормандон 724 баромад, 51 сӯҳбати таҳлилӣ омода ва дар ВАО пахш карданд. Инчунин, дар тамоми вазорату идораҳо бо аҳолӣ 1350 мулоқот гузаронида шуд. Дар ин самт инчунин аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 240 семинари омӯзишӣ доир карда шуд", — афзудаст ӯ.

Нахуствазири Тоҷикистон, ҳамзамон раиси Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия Қоҳир Расулзода дар маҷлис таъкид намудаст, ки "коррупсия яке аз душвортарин мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ки то ҳол ягон кишвари олам барои пурра аз байн бардоштани он муваффақ нашудааст".

Дар кори ҷаласа нақшаи кории Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия барои соли 2016 тасдиқ карда шудаст.

Лентаи хабарҳо
0