Ҷоми “Иттиҳод-2016”: тамрин ва омодагии мунтахаби ҷавонони ҶТ

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкТӯби футбол. Акс аз бойгонӣ
Тӯби футбол. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Машқу тамрини тими футболи ҷавонони кишвар дар ду баст сурат мегирад.

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Дастаи футболи ҷавонони Тоҷикистон (бозигарони соли таваллудашон 1994 ва зери он) барои омодагӣ ба Ҷоми "Иттиҳод- 2016" машқу тамринро идома медиҳанд, гуфтанд масъулини Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Футбол. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Мунтахаби футболи ҷавонон ба "Ҷоми Иттиҳод-2016" омодагӣ мебинанд

Ҷиҳати ширкат дар ин сабқат, ки дар назар аст дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия сурат бигирад, бозигарони дастаи футболи ҷавонони Тоҷикистони дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ дар Душанбе тамрин мекунанд.

Машқи даста тибқи реҷаи вижа роҳандозӣ гардида, ҳар рӯз ду маротиба баргузор мешавад. Ҳамаи 24 бозигар, ки барои бозиҳо даъват шудаанд, дар он ширкат меварзанд. Ин тамринот то 30-юми декабр идома меёбанд. Рӯзи охирири тамрин бозии санҷишӣ дар назар аст.

Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми "Иттиҳод-2016" шогирдони Роман Пилипчук дар гурӯҳи "В" бо дастаҳои Русия, Латвия ва Эстония вориди сабқат мешаванд. Ин бозиҳо дар варзишгоҳи мавсум ба "Олимпийский"-и пойтахти шимолии Русия аз 16 то 24 январ сурат мепазиранд.

Лентаи хабарҳо
0