Дар Суғд марде ҳамсари собиқашро ба қатл расондааст

Обуна шудан
НовостиTelegram
Сокини 34-солаи шаҳри Истаравшан дар қатли ҳамсари собиқи худ муттаҳам мешавад.

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Дар шимоли кишвар як марди 34-сола дар қатли ҳамсари собиқаш айбдор мешавад, иттилоъ медиҳад Хадамоти матбуотии ВКД-и Тоҷикистон.

 "Номбурда рӯзи 26 декабри соли равон, тахминан соати 22:00-дақиқа, дар хонаи истиқоматии собиқ ҳамсараш, зани 38-солаи сокини шаҳри Истаравшан аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо корди ҳоҷагии дар дасташ буда, 5-маротиба ба қисми чап ва рости гардани ӯ задааст", — афзудааст манбаъ.

Дар натиҷаи ин зан дар пайи бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ ба ҳалокат расидааст. Дар робита ба ин ҳодиса парванда боз шуда, нафари гумонбар дар боздоштгоҳ қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0