ВАО: неруҳои Амрико дар Ироқ як фармондеҳи ДИИШ-ро асир гирифтанд

© wikipedia.orgНеруҳои вижаи Амрико
Неруҳои вижаи Амрико - Sputnik Тоҷикистон
Ин се фармондеҳи боздоштшуда ҳоло ба шаҳри Сулаймон, воқеъ дар шарқи Ироқ интиқол дода шудаанд.

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Неруҳои вижаи Амрико дар вилояти Киркуки Ироқ яке аз фармондеҳони созмони террористии ДИИШ-ро зинда асир гирифтаанд, менависанд расонаҳои маҳаллӣ.

Ба иттилои баъзе аз манобеъ, неруҳои амрикоӣ Абӯ Умар аш-Шишониро дастгир кардаанд.

Абӯ Умар аш-Шишонӣ, ки номи аслияш Тарҳан Батирашвилӣ мебошад, соли 1986 дар дараи Панкис ба дунё омадааст. Хидмати ҳарбиро дар саффи неруҳои Гурҷистон адо кардааст ва баъдан ба иттиҳоми ғайриқонунӣ нигаҳ доштани силоҳ доғи судӣ дорад. Соли 2012 ба Туркия рафта, дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ҳам иштирок кардааст ва ҳоло яке аз фармондеҳони ДИИШ ба шумор меравад.

Неруҳои вижаи Амрико инчунин ду фармондеҳи дигари ДИИШ-ро ҳам боздошт карда, 7 тани дигарро нобуд сохтаанд. Ин се фармондеҳи боздоштшуда ҳоло ба шаҳри Сулаймон, воқеъ дар шарқи Ироқ интиқол дода шудаанд.

Дар ҳоли ҳозир амалиёти неруҳои ироқу гуруҳҳои довталаб дар якҷоягӣ бо неруҳои эътилофӣ ба раҳбарии Амрико алайҳи созмони террористии ДИИШ дар вилояти Анбор идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала