ВКД: ҳалокати як зан аснои сӯхтор дар бинои баландошёнаи Душанбе

© Sputnik Амир ИсаевБинои баландошёна, ки аз сӯхтори 27 сентябр зарар дидааст
Бинои баландошёна, ки аз сӯхтори 27 сентябр зарар дидааст - Sputnik Тоҷикистон
Субҳи имрӯз Хадамоти оташнишонии Тоҷикистон аз сӯхтори маргбор дар яке аз биноҳои баландошёнаи маркази шаҳри Душанбе хабар дод.

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Дар бинои баландошёнаи шаҳри Душанбе, воқеъ дар кӯчаи Шотемур 25 сӯхтор ба амал омада, дар пайи он як бону ба ҳалокат расида, фарзандонаш осеб надидаанд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ВКД.

"29 декабр, соати 07:05 дар бинои баландошёна воқеъ дар кӯчаи Шотемури пойтахт оташсӯзӣ ба вуқӯъ пайваст",- омадааст дар иттилоъияи ин ниҳод.

Оташсӯзӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар миёни осебдидагони сӯхтор дар Москав атбоъи тоҷик низ ҳастанд

Ҳангоми ба маҳалли ҳодиса расидани оташнишонҳо муайян карда шуд, дар дохили хонаи оташгирифта соҳибхоназан Раҳимова Суфия Зикриолоевна соли таваллудаш 1970, духтараш Раҳимова Суман соли таваллудаш 1995 ва писари соҳибхоназан Ҳаётов Мустафо соли таваллудаш 2010 дармондаанд.

Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсуси фаврии оташнишонӣ аз дохили ҳуҷраи оташгирифта, соҳибхоназан бо фарзандонаш бароварда шуданд. Аммо соҳибхоназан Раҳимова Суфия дар натиҷаи заҳролудшавии зиёд аз дуди ғализ дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ба иттилои оташнишонҳо, сӯхтор масоҳати 3 метри мураббаъро фаро гирифта, пеш аз паҳншавӣ ба дигар ҳуҷраҳои зист, дар соати 07:37 хомӯш карда шуд.

Мутахассисони Хадамоти оташнишонӣ сабаби сӯхторро расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ арзёбӣ мекунанд.  

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала