Тараддуди солинавии сокинон ва маслиҳати Хадамоти оташнишонӣ

© Sputnik Амир ИсаевАрчаи солинавӣ. Акс аз бойгонӣ
Арчаи солинавӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Хадамоти оташнишонии Тоҷикистон дар арафаи таҷлили Соли нави мелодӣ барои ороиши бехатари арча ба сокинони кишвар маслиҳати муфид ироа кардааст.

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Арчаи солинавӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бояд дар ошёнаи якум ва ё дар саҳни ҳавлии назди бино гузошта шавад, омадааст дар машварате, ки Хадамоти оташнишонии Тоҷикистон ба нашр расонидааст.

"Биное, ки дар он ҷо арча гузошта мешавад, бояд на кам аз ду дари баромад дошта бошад. Арчаро дар роҳрав ё даромадгоҳ гузоштан қатъиян манъ аст. Андозаи арча бояд тавре бошад, ки шохаҳояш ба шифти хона нарасанд ва аз девор камаш як метр дур истад",- қайд мекунанд масъулини ин хадамот.

Ба Соли нав чӣ тавр омода бояд шуд - Sputnik Тоҷикистон
Дар арафаи Соли нав чӣ гуна бояд амал кард

Ҳамзамон, онҳо ба сокинон тавсия медиҳанд, ки дар толори арча дар ҷои махсус бояд аз се то панҷ оташхомӯшкунаки коршоям ва кампали патдор нигоҳ дошта шавад. Агар оташхомӯшкунак набошад, метавон дар ҳаҷми аз 50 то 100 литр об нигоҳ дошт.

Зимнан, Хадамоти оташнишонӣ мегӯяд, дар муассисаҳое, ки қувваи барқ аз рӯи меъёр дода мешавад, ид бояд фақат рӯзона гузаронда шавад, арчаро бо бозичаҳои селлулоидӣ ва ё зуддаргиранда зиннат додан ва бо шамъ чароғон кардан манъ аст.

Масъулини ин ниҳод таъкид мекунанд, ки дар дохили бино шамъҳои бинголӣ, истифодаи мушак ва дигар маводи пиротехникии тарканда қатъиян манъ аст.

"Ҳангоми рӯй додани сӯхтор ва ё зоҳир гардидани нишонаҳои он ҳатман ба телефони «01» ба хадамоти оташнишонӣ хабар додан зарур аст",- омадааст дар фарҷоми ин иттилоъияи машваратӣ.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала