Бо дахолати Омбудсмени Русия кӯдаки тоҷик раҳо шуд

Кормандони пулиси Маскав баъд аз дахолати Сафорати Тоҷикистон дар Русия ва ваколатдори ҳуқуқи кӯдак Насими ноболиғро раҳо карданд.

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik.  Мақомоти пулиси Русия ноболиғи тоҷик Насим Раҳимови 14-соларо ба модараш баргардондаанд, иттилоъ дод намояндаи расмии Сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммади Эгамзод.

Дар шуъбаи эҳёгарӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Эҳтимол дорад, Насим Соли навро дар беморхона пешвоз гирад

Ба қавли ӯ, ин навраси чордаҳсолаи тоҷик се рӯз қабл ба далели надоштани шаҳодатномаи таваллуд аз модараш ҷудо ва ҳамчун кӯдаки "бесаробон" ба шуъбаи пулис бурда шудааст.

"Азбаски Насим Раҳимов бо худ шиносномаи хориҷӣ дошт ва дар он ному насаби волидонаш нишон дода намешавад, ӯро ҳамчун "бесаробон" ба шуъбаи пулиси нохияи Даниловскийи Маскав бурдаанд. Ин қазия шоми 30 декабр бо мусоидати сафорат, намояндагии хадамоти муҳоҷират ва дахолати бевоситаи Павел Астахов — ваколатдори ҳуқуқи кӯдаки Русия ҳалли худро ёфт",- иброз доштааст Эгамзод.

Сухангӯи сафорати Тоҷикистон мегӯяд, ки барои исботи хешу табории Насим Раҳмонов бо модараш Гулчеҳра Орифова шаҳодатномаи таваллуди аввалӣ дарёфт ва нусхаи он ба кормандони пулис пешниҳод шудааст.

Ҷасади Умаралӣ бе ташхиси мустақилона ба хок супорида шуд

Ҳамзамон, ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Русия Павел Астахов низ дар саҳифаи Твиттер ва Инстаграми худ навиштааст, ки Насим Раҳмонов соли 2016-ро ҳамроҳи модараш дар хона пешвоз хоҳад гирифт. Ӯ дар идома амалкарди пулиси Маскавро барои ҷудо кардани Насим аз модараш беасос хондааст.

Хабари аз модараш ҷудо кардани як ноболиғи тоҷик аз сӯи пулиси Маскав дар ду рӯзи гузашта баҳсҳоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба по кард. Раиси Маркази мутобиқшавии кӯдакони гурезаҳо ва муҳоҷирон дар Русия Олга Николаенко аз нахустин нафароне буд, ки дар бораи аз модараш ҷудо шудани навраси чордаҳсолаи тоҷик хабар дод.

Ба ҳамин монанд, моҳи октябри соли ҷорӣ мақомоти пулиси шаҳри Санкт-Петербурги Русия бо баҳонаи нақзи қонуни муҳоҷирати ин кишвар Рустам Назаров ва Зарина Юнусова, шаҳрвандони Тоҷикистонро бо писари панҷмоҳаашон Умаралӣ Назаров боздошт карданд. Сипас, пулис Умаралии 5-моҳаро аз волидайнаш ҷудо карда ва падару модари ӯро дар утоқи бозпурсӣ муддати 5 соат нигаҳ доштааст. Бо гузашти чанд соат тифли панҷмоҳаи тоҷик дар беморхона фавтид.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала