Тоҷикистониён Соли навро бе барф пешвоз мегиранд

© Sputnik / Сергей Пятаков / Гузариш ба медиабонкСоли нав
Соли нав - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масъулини Маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон мегӯянд, дар рӯзҳои ҷашни Соли нав дар кишвар ҳавои бебориш дар назар аст.

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Тоҷикистониён шаби Соли навро бидуни барф пешвоз хоҳанд гирифт, иттилоъ медиҳад Маркази обуҳавосанҷии кишвар.

Масъулини Маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон мегӯянд, дар рӯзҳои ҷашни Соли нав дар кишвар ҳавои бебориш дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, шаби 31 декабр ба 1 январ дар аксар манотиқи ҷумҳурӣ, ба ҷуз баъзе аз навоҳии куҳии кишвар ҳавои бебориш пешбинӣ мешавад.

Дар ду рӯзи аввали моҳи январ дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандва абрнок пешбинӣ шуда, рӯзҳои 3-4 январ каме боришот дар назар аст.

Лентаи хабарҳо
0