Русия ба Тоҷикистон кӯмаки низомӣ мекунад

© Фото : © Пресс-служба ЦВОХидматрасонии фаннии таслиҳоти низомии пойгоҳи 201
Хидматрасонии фаннии таслиҳоти низомии пойгоҳи 201 - Sputnik Тоҷикистон
Русия ба артиши Тоҷикистон дар амри таъмини силоҳ ва муҳиммоти ҷангӣ кӯмак карда, бо ин аз вуруди гуруҳҳои ифротӣ аз Афғонистон ба қалмрави кишвар ҷилавгирӣ менамояд.

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Мавзӯъи тамрини низомиёни тоҷик, кӯмаки низомӣ ва таҳкими марз бо Афғонистон, тақвияти ҳамкориҳои низомӣ ва амсоли ин аз сӯҳбатҳои аслии вазири дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва муовини вазири мудофиаи ФР Анатолий Антонов маҳсуб меёфт.

"Дӯстону бародарони тоҷики мо имрӯз бо хатару таҳдидҳое аз Афғонистон рӯбарӯ ҳастанд. Мо барои кӯмак ба ҳамтоёнамон омодаем. Русия дар дохили пойгоҳи низомии худ мустақар дар Тоҷикистон, ба тамрини низомиёни тоҷик ба хотири муқобила бо гурӯҳҳои ифротӣ оғоз кардааст",- гуфт Антонов.

Муъовини вазири дифоъи ФР. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Антонов: бо кӯмак ба Тоҷикистон мо кишварҳои СПАД-ро ҳимоят мекунем

Маврид ба тазаккур аст, ки Русия ду сол қабл аз ин эълон намуда буд, ки нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро кӯмаки низомӣ карда, дар таҷдиду навсозии артиши Тоҷикистон кӯмак мерасонад. Фаридун Маҳмадалиев мегӯяд, тамрини низомиён як ҷузъи ҳамин барнома ҳаст ва ҳоло дар назар аст, ки Русия дар таъмини артиши Тоҷикистон бо силоҳҳои замонавӣ низ кӯмак кунад.

Дар ҳамин ҳол, пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Русия мустақар дар Тоҷикистон такягоҳи аслии ҳимоявии СПАД дар минтақа маҳсуб меёбад.

"Ба назари мо, агар вазъ дар Тоҷикистон ором бошад, дар Русия низ авзоъ ором хоҳад буд, аз ин дидгоҳ ба кӯмаки Душанбе омодаем",- илова кард муовини вазири дифоъи Русия.

Навсозии таслиҳоти артиши Тоҷикистон аз ҷумлаи ваъдаҳои Маскав дар ивази тамдиди замони будубоши пойгоҳи 201 мебошад. Русия дар бораи тезондани замони иҷрои ин созишнома рӯзи 23 декабри соли гузашта дар ҷараёни мулоқоти Сергей Шойгу ва Шералӣ Мирзо, вазирони дифоъи ҳар ду кишвар дар Маскав ваъда дода буд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала