Маскав: боздошти муҳоҷири тоҷик бо 1,5 кило ҳероин

© Flickr / isafmediaҲероин. Акс аз бойгонӣ
Ҳероин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҳоло дар нисбати ин ҷавони 22-солаи тоҷикистонӣ парванда боз гардида, тафтишот идома дорад.

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Масъулини Раёсати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири шаҳри Маскав аз боздошти сокини Тоҷикистон хабар доданд.

Ин ҷавони 22-солаи тоҷикистонӣ дар муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи мухаддир муттаҳам мешавад.

Ҳашт муҳоҷир дар "зиндони муҳоҷирон"-и Маскав қасди худкушӣ карданд

Ба иттилоъи ин ниҳод, нафари боздоштшуда сокини шаҳри Норак, соли таваллудаш 1994 зимни бозпурсӣ изҳор доштааст, ки барои ҷашни арӯсиаш маблағ ҷамъ мекард ва ӯро дар Ватан ҳамсари ояндааш интизор аст.

"Аснои тафтиш муайян шуд, ки боздоштшуда пас аз хатми синфи нуҳум ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия омадаст. Ӯ тасмими гирифтааст, ки бо роҳи нашъаҷаллобӣ зудтар барои тӯй маблағ ҷамъ мекунад. Маблағро ҷамъ кардааст ва бо ҳамсари ояндааш дар Ватан тӯйро ба нақша гирифтаст".

Мақомоти Маскав мегӯянд, ҷавони тоҷик аз нашъаҷаллобон ҳероин гирифта дар халтачаҳои махсуси 5 граммӣ ҷо ба ҷо мекардааст.

"Ҳангоми боздошт аз ӯ 1,5 кило ҳероин дарёфт шуд. Аз манзили иҷорааш тарозуи электронӣ ва дигар лавозимот барои ҷобаҷогузории нашъа мусодира гардид".

Барои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон қавонини Русия ҷазои аз 15 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала