КДАМ: аз интиқоли 10 кг афюн ба Ӯзбакистон ҷилавгирӣ шуд

© wikimedia.orgАфюн дар Афғонистон
Афюн дар Афғонистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар қаламрави ноҳияи Панҷакент, дар наздикии марзи Ӯзбакистон амалиёти вижа роҳандозӣ карданд. Зимни он се сокини маҳаллӣ бо миқдори бузурги нашъа боздошт гардиданд.

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми қариб 10 кг афюни афғонӣ ба ҷумҳурии ҳамсояи Ӯзбакистон ҷилавгирӣ карданд, иттилоъ дод имрӯз дафтари матбуотии ин ниҳод.

"Дар манзили як сокини шаҳри Панҷакент 9,5 кг маводи мухаддир дарёфт ва мусодира шуда дар иртибот бо ин қазия се сокини маҳаллӣ дастгир гардиданд",- омадааст дар иттилоъия.

Маводи мухаддирро нобуд мекунанд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе беш аз 600 кило нашъа сӯзонида шуд

Бино ба иттилои расмӣ, маводи мухаддири навъи "афюн"-ро дар хонаи истиқоматии сокин  Панҷакент пайдо кардаанд. Ин шаҳрван тибқи маслиҳати пешакӣ бо сокинони ҷамоати Саразми ноҳияи Панҷакент ба ивази маблағи муайян ин миқдор маводи мухаддирро тавассути деҳаи Чепии ноҳияи Ургути ҷумҳурии Ўзбакистон ба қоҷокчиёни ин кишвар бояд месупориданд.

Барои ҷилавгирӣ аз кишти маводи мухаддир, қочоқи ғайриқонунии нашъа дар қаламрави ҷумҳурӣ аз 20 май то 30-юми ноябри соли 2015 дар ду марҳила амалиёти «Кӯкнор-2015» гузаронида шуд.

Дар амалиётҳои мазкур кормандони вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, Кумитаҳои давлатии амнияти миллӣ, ҳифзи муҳити зист, телевизион ва радио, Агентии назорати маводи нашъаовар, Хадамоти гумрук ва намояндагони мақомоти маҳаллӣ ширкат доштанд.

Лентаи хабарҳо
0