Филми қирғизӣ беҳтарин филм дар Осиё эълом шуд

© Sputnik Амир ИсаевДаромадгоҳи кинотеатри "Ҷомӣ" дар Душанбе
Даромадгоҳи кинотеатри Ҷомӣ дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Филми қирғизӣ, ки ҷоизаи "Беҳтарин филми Осиё" соҳиб гардидааст, қиссаи Ҳобилу Қобил- фарзандони ҳазрати Одамро дар Осиё Марказӣ дар қиболи инсонҳои хокӣ ба намоиш гузоштааст.

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Филми коргардони қирғиз Далмира Тилепбергенова "Зери сақфи осмонҳо" ду ҷоизаи Ҷашнвораи байналхалқии Бангалори Ҳиндустонро ба даст овард, иттилоъ медиҳад "Бунёди рушди синамои Қирғизистон".

Ҳаводорони “Левиафан” ба ин филм беш аз 1 миллион рубл интиқол карданд

Ба навиштаи расонаҳои Бишкек ин филми қирғизӣ "Беҳтарин филми Осиё" унвон шудааст.

Тибқи иттилоъ, "Зери сақфи осмонҳо"- нусхаи замонавии нақли Инҷил дар бораи нахустфарзандҳои ҳазрати Одам-  Қобилу Ҳобил мебошад, ки дар яке аз рустоҳои дурдасти Осиёи Марказӣ такрор мешавад. Филм дар бораи инсонҳо, ишқ, талафот, хиёнат ва вафодорӣ нақл мекунад.

Маврид ба тазаккур аст, ки филми номбурда дар тобистони соли 2015 дар синамобазми Монреали Канада ба намоиш даромада, "Ҷоизаи махсуси доварон"-ро ба худ ихтисос дода буд.   

Лентаи хабарҳо
0