БДА ба ронандаҳои тоҷик ҳушдор медиҳад

© Sputnik Амир ИсаевНақлиёти хидматии БДА ВКД ҶТ. Акс аз бойгонӣ
Нақлиёти хидматии БДА ВКД ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон аз ронандаҳои воситаҳои нақлиёт даъват кардааст, дар робита ба ҳавои номусоид ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кишвар эщтиёткор бошанд.

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Раёсати БДА-и ВКД бо такя ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар иттилоъ медиҳад, ки дар Тоҷикистон рӯзҳои 9-11 феврал ҳарорати ҳаво якбора паст шуда, барфу борон меборад.

"Дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ бошад туман ва дар баъзе ноҳияҳои куҳӣ фаромадани тарма дар назар аст. Бинобар ин, ба ронандагони воситаҳои нақлиёт тавсия дода мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо боэҳтиёт бошанду таҷҳизоти иловагии зиддилағшиш — занҷир, таноб ва дигар лавозимоти заруриро бо худ гиранд",-омадааст дар иттилоъия.

БДА аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки бе зарурият ба минтақаҳои кӯҳистон ва мавзеъҳои мушкилгузар сафар нанамоянд, зеро ҳаракат дар ин манотиқ дар рӯзҳои номбурда хатарнок аст.

 

Лентаи хабарҳо
0