Бах: вируси “Зик” ба Олимпиада-2016 таъсир намерасонад

Кумитаи байналмиллалии олимпӣ ҳеҷ иттилоъе дар бораи даст кашидани ягон давлат аз бозиҳои Олимпии 2016 бо сабаби вируси “Зик” нагирифтааст, изҳор дошт президенти Кумитаи байналмиллалии олимпӣ Томас Бах.

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Чанде қабл Кумитаи миллии олимпии ИМА бо изҳорот ба федератсияҳои миллии варзишӣ баромад карда, иброз доштааст, ки агар ягон варзишгар хавфи сироят шудан бо вируси Зикро дошта бошад, метавонад аз иштирок дар Бозиҳои Олимпӣ дар Рио-де-Жанейро даст кашад.

"Мо маълумот дар бораи кумитаҳои миллии олимпие, ки хоҳиши ба Рио рафтанро надоранд, рӯйи даст надорем,- гуфт Бах ба рузноманигорон.- Вале мо ин суолро хуб меомӯзем. Мо бо ташкилотҳое, ки бо вирус мубориза мебаранд, дар ҳамкории ҳамешагӣ қарор дорем. Дар Бразилия зимистон мешавад ва вазъият, куллан  ранги дигар мегирад. Мо боварӣ дорем,тадбирхое, ки ҳукумати Бразилия ва Созмони ҷаҳонии Тандурустӣ амалӣ менамоянд, муассир хоҳанд буд. Амнияти  ҳар як варзишгару тамошобин дар Бразилия таъмин карда мешавад".

Табларзаи Зик —як намуди бемории шадиди сироятии маймунҳост, ки дар ҳолатҳои алоҳида тавассути  хомӯшакҳо ба одам мегузарад. Ангезандаи он махсусан барои занҳои ҳомиладор  хатарнок аст, чунки метавонад, ба тифли дар батни модарбуда зарари вазниин ба мағзи сар расонад ва боиси бад шудани саломатиаш гардад.  

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала